Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Дилу гурдаата фаҳмам гуфтам… Уф-ф… Накофтагӣ ҷой намонд, — Сабо оҳиста ба рӯи харсанг нишаст. — Нохост ба ёдам расид, ки ҳамин ҷора таъриф мекардӣ. Ин қадар барвақт баровардӣ? Гуфтам-ку баъди дуртар рафтани пода барор,
— мисли мошини чокдӯзӣ тез-тез ба ҳарф даромад Сабо.
— Ҳаво тасфад, гӯсолаҳо алаф намехӯранд.
— Ромиш, самбӯса мехӯрӣ? Гир, самбӯсаи кадугӣ, — Сабо як даста самбӯсаи қоғазпечро ба рӯи санг монду наздиктар омада, ба расми кашидаи ҷавон зеҳн монд.
— Сонӣ… — Ромиш бо лаҳне гуфт, ки мисле ба корам дахолат накун, буд.
Сабо гӯсолаҳоро аз офтоб ба соя, ба ҷониби бедҳои соҳили рӯд ронд.
— Тезтар! Ба соя гузар! Офтоб мезанаду мемурӣ! — бо гӯсолачаҳо гуфтугӯ мекард вай. Алмос хомӯш думболи вай мерафт.
— Меомадам, дар роҳ Зафара дидам, — баргашта омада ба сухан даромад Сабо. — Вай имсол мактаба тамом кард, акнун ба шаҳр рафта хонданӣ. Мегӯяд, ки кошки ба ҷои Ромиш бо ягон баҳонае ман ҳамроҳат кор мекардам. Гуфтам, ки Ромиш бо ягон баҳона не, ба кори зарурӣ банд аст. “Э, медонем, — мегӯяд, — кор — баҳона”. Бачаи аҷоиб-а? Камтар худаша таъриф кард, росту дурӯғи шунидаашро ба худаш часпонда хеле гап зад, “ҳа-ҳа” гӯён гӯш кардам. — Сабо ба авзои писарак зимнан зеҳн монда, менигарист. Ӯ мехост бифаҳмад, ки ҳарфҳои ӯ ба Ромиш чи гуна таъсир дорад.
Ромиш чизе нагуфт. Ӯ тарҳи марғзор, кӯҳ ва гӯсолачаҳои бозингарро рӯи қоғаз меовард. Сабо гоҳ ба наққошии Ромиш ва гоҳе ба чеҳраи ҷавон нигариста, беист ҳарф мезад.
— Имтиҳони шумо ҳам сахт будагист-а? Ту аз ҳамааш

пешина
аз 192
навбатӣ