Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
аъло гирифтӣ ё чор ҳам дорӣ?
— Дорам, — аз кораш сар набардошта ғурунгос зад
Ромиш.
— Ман ҳам дута чор дорам, — яктааш аз физика, дигараш аз нақшакашӣ… Ромиш, ту баъди омӯзишгоҳ ба Академияи рассомӣ меравӣ-а?
— Намедонам.
— Меравам гӯй, ин қадар хоксорӣ накун!
— Модарам — бемор… Дасттанҳо. Кор карданиам.
Агар илоҷаш мебуд, ғоибона мехондам.
— Хайр, сиҳат мешаванд, нигарон набош, — монанди
бузургсолон дилбардорӣ кард Сабо. Баъди сонияе аз ҷои
дигар ҳарф шурӯъ кард: — Зафар ба институти политехникӣ
ҳуҷҷат супоридаст. Як шиносашон будаст, ваъда кардаст, ки
кумак мекунад.
— Шарм накарда ҳамин хел гуфт? — Ромиш бо таассуф
сар ҷунбонд. Вале ин дам аз дилаш гузашт, ки мардум вақтҳои
охир аз ин қабил корҳо хиҷил не, баръакс, ифтихор мекунанд.
“Агар ба Ромиш малол нашавад, гашти рӯз, тафси ҳаво
гардад, чарх зада, ба наздатон меравам”, гуфт. Ман гуфтам,
ки биё, омадан гир.
— Аҷоиб, барои чӣ ман аз омадани вай малол мешудаам?!
— Намедонам. — Кӯтоҳ ҷавоб дод Сабо. Сипас зуд аз
боби дигар сухан сар кард: — Ман ҳоло ба як қарор
наомадаам. Намедонам ба хондан равам, ё дар ферма кор
кунам?.. Агар ту дар шаҳр бошӣ, ман ҳам рафтанӣ.
— Аҷоиб… — абрувонашро чин кард Ромиш, вале дигар
ҳарфе назаду худ ба худ китф дарҳам кашид.
Ҳоло вай дар рӯи қоғаз бо сиёҳқалам акси сагро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё