Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
мекашид. Агарчи Алмос ин дам дар канори рӯд гаштугузор дошт, Ромиш сурати онро дар рӯи харсанг, чашму гӯшаш ба ҷониби гӯсолаҳо тасвир мекард. Саг гӯшҳои кӯтоҳ буридагиашро сих карда, гӯё хатареро эҳсос карда бошад, ба ҳамла омода буд. Аммо авзояш, хушҳол барин.
— Саги хатар пай бурда ин хел намешавад.
— Ҳа-а… — Ромиш як чашмашро нимкоф карда ба акси кашидааш бо диққат нигаристу сар такон дод.
Баъд ба ислоҳи тасвир шурӯъ намуд.
— Очаатро духтур дид охир? — пурсид духтар баъди шумурдани гӯсолаҳо.
— Чӣ гуфт? — баъди он, ки Ромиш бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд, боз савол кард Сабо.
— Ба қарибӣ аз ноҳия духтурҳои калон меомадаанд.
Онҳо бинанд, сонӣ ба беморхонаи шаҳр мефиристонем, гуфтанд.
Ба миён сукут афтод. Абрувони борику теғдори духтар гиреҳ шуд, дар чашмонаш асари андӯҳ падидор гашту дилтангона оҳе кашид.
— Очама мебаранду таҳсили ман ҳам сар мешавад…
Апаам, танҳо, — гуфт Ромиш.
— Шабҳо ман ба наздаш рафта хоб мекунам.
— Ба гуфтан осон. Додою очаат иҷозат медиҳанд-чӣ?
— Мемонанд.
Аммо аз оҳанги суханаш фаҳмидан душвор набуд, ки барои иҷозати волидайн мебояд хеле талош кунад.
Сабо бархосту гӯсолаҳоро аз назар кард.
Се гӯсолача ба болои шахи баланде баромада «мерақсиданд». Сумҳояшонро сахт-сахт ба санг кӯфта, думҳоро сих карда, гоҳ ба навбат, гоҳе ҳар се баробар ҷастухез кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё