Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

онҳоро дида, беихтиёр хандаи кас меомад. Ба таври худ гӯё мусобиқа мекарданду дар рақсу ҷастухез маҳорати худро намоиш медоданд. Боз саҳнаи ёфтаашонро бинед! Як шахи баланде, ки рӯяш ба қадри як суфа ҳаст ё не! “Ҳамин лаҳза яктоаш парида меафтаду маъюб мешавад”, дар дил гуфт Сабо ва бархоста ба он сӯ рафт. Алмос ҳам хомӯш аз қафои вай равон гашт.
Сабо аз тарафи боло ба гӯсолаҳо наздик мешуд, ки ин дам Ромиш ӯро боздошт.
— Аз боло нарав! Аз ту рамида худаша ба поин меандозад. Аз поин ҳай кун, — маслиҳат дод вай.
Сабо ба таҳи зов рафту дастонашро афшонда “чу-чу” гуфт, Алмос бо таҳдид “ак-ак” карду гӯсолачаҳо бо раҳи баромадаашон аз шах фуромаданд.
Қурси офтоб рост ба фарқи сар меомад. Гармии рӯз ба авҷаш расида буд. Гӯсолаҳо тӯда-тӯда гашта, худро ба соя мезаданд. Шайтонаку Қашқа соя наёфта, сарашонро ба панаҳи санг ҷо карданд. Алмос бо даҳони бозу забони овезон ҳалқак мезад.
Ромиш ва Сабо гӯсолаҳоро ба тарафи болооби рӯд, ки дарахтони соя дошт, ронданд.


Баъди пешин онҳо гӯсолаҳоро ба ангори назди Кафтархона бурданд. Азбаски замини ин ҷо обӣ аст, баъди дарави гандум ангор серпечак, воту лаби ҷӯйҳо алафзор буд.
— Сабо, ҳушьёр шав, — таъкид кард Ромиш, — поёни ин ангор нахӯдзор будаст. Нохудогоҳ гӯсолаҳо гузашта, нахӯди пухта расидаро ба замин яксон накунанд.
Сабо аз ӯ дуртар сари санг нишасту таронаеро бо овози

пешина
аз 192
навбатӣ