Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

паст тараннум мекард:
Дарьё, ки калон шавад, шинояш кӣ кунад?
Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш кӣ кунад?..
Насим мӯйҳои аз зери уребча ҳалқа зада баромадаи ӯро ларзонда бозӣ медоронд. Вай имрӯз кокулонашро ҷамъ карда, бо уребча ба пушти сараш баста буд, ки дар натиҷа рӯяш пурра бо тамоми латофат дар назар ҷилва мекард. “Пӯсти сафеди рӯяш дар офтоб ҳам сиёҳ намешавад, — худ ба худ гуфт Ромиш. — Аҷабо, чашмонаш шишаи сабз барин кап-кабуд.
Умуман, дар деҳаи мо кабудчашмон бисьёранд. Мӯяшон хурмоию чашмонашон ё сабз, ё обӣ… Ҳафтаи гузашта, шаби ба осиё гандум бурданам, Сабо ба хонаи мо омада, ҳамроҳи апаам ҷомашӯӣ кардаст. Соатҳои дувоздаҳи шаб аз осиё омада, табъам хира шуд. Ҳаминаш кам буд! Бачаҳо фаҳманд, чӣ мегӯянд?! Зафар баринҳо шунаванд, “э, вай занаш барин, шабҳо рафта хоб ҳам мекунад», мегӯянд. Шояд, барои ин кор аз додою очааш гап шунидагӣ барин… Ба ҷои апаам ман ба гӯсолабонӣ бароям, чӣ қадар ғур-ғур карданд, ҳатто ба молхона рафтанд… Кадом аз рӯзҳо аз дасташ пиёлаҳоро ба ҷӯй сар додаст, очаш ҷанг кардаанд, гуфтаанд, ки ҳуши ту духтар дар ҷояш не, бирав ба хонаи ҳамун бача дарою шин…”


— Ромиш, барои чӣ сурати мана намекашӣ? Фақат кӯҳу дарахт, сагу гӯсола… Ягон бор акси мана каш. Ё намехоҳӣ?
А?.. Эҳ, агар ман рассом мебудам…
— Чӣ кор мекардӣ?
— Сурати тую Алои Хаппака дар як ҷо мекашидам. Ҳар ду ба ҳам монанд, дамдуздед.

пешина
аз 192
навбатӣ