Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ягон рӯз наққошӣ мекунам… Усто шавам, — Ромиш
инро гуфту гӯё нафареро фиреб карда бошад, худ ба худ
хиҷолат кашида сурх шуд. Сониян аз мавзӯи дигар ҳарф боз
кард: — Момои Гулсум ҳоло ҳам танҳо зиндагӣ мекунанд-а?
— Ҳа. Колхоз ёрӣ мекунад. Худашон ҳам бақувват,
рӯзаш катӣ дар полизашон ҷунбуҷӯл мекунанд. Ҳосили сабзию пиёзашон чунон нағз!
— Ҳазл не, модари Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ!
— Мардум ба шӯхӣ худи он каса қаҳрамон мегӯянд.
— Ман ягон бор рафта, сураташона кашиданӣ. “Модари
қаҳрамон” ном мемонам… Аммо шарм медорам.
— Ту аз ҳама чиз шарм медорӣ. Намедонам, агар ягон
духтара дӯст дорӣ, чӣ кор мекунӣ? — Сабо аз сухани гуфтагиаш хиҷолат кашида, рӯяшро бо дастонаш пӯшида хандид.
— Агар нағз бинам, сураташа мекашам, — гуфт Ромиш
рӯяшро аз вай гардонда, машғули рангомезӣ. Баъд илова
кард: — Шояд наққошӣ карда бошам…
— Канӣ, ба ман як намой, — хоҳиш кард Сабо бо шӯхӣ.
— Гӯй, вай кӣ худаш? А? Сурати кира кашидӣ?
— Инаш — сир… Ба ҳеҷ кас намегӯям.
— Хайр, гӯй, илтимос. То нагӯӣ, намемонам, — бархоста наздик омад Сабо.
— Э, рав-е! Шухӣ кардам! Ҳазлро намедонӣ?
— Қасам мехӯрам: ба ягон кас гӯям, ҳар чӣ шавам!
— Ҳеҷ кас не! Фаҳмидӣ? Сурати момои Гулсума мекашам.
— Не, росташа гӯй, боз кира? — Сабо ба асаби вай
расида, мӯқаламро аз дасташ гирифт. — Аввал гӯй…

пешина
аз 192
навбатӣ