Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аБ ҳ ром Фир ӯ з

— Бас кун, ман ҳазл кардам, — Ромиш зарфи шишаиро
гирифту оби рангини онро холӣ кард ва барои оби тоза
овардан ба тарафи рӯд равон шуд.
Сабо аз қафои вай нигариста, дар хаёл монд.
— Рӯзе сурати худата мекашам, — дуртар рафта гуфт
Ромиш. Вай бо як табассуми шармгинона асроромез ба духтар нигаристу қадамашро қавитар гузошт.
— Ман рухсат надиҳам-чӣ? — гуфт Сабо ишваомез,
аммо Ромиш сухани ӯро нашунид ва ё фаҳмида бошад ҳам,
ҷавобе надода ба раҳаш идома дод.
Ӯ зарфи шишаиро шуста ба он оби тоза гирифту ангорро давр зада ба тарафи нахӯдзор гузашт. Се-чор гӯсолаи ба
нахӯдзор наздик рафтаро қафо ронду худ ба тамошои нахӯди
навпухта саргарм шуд.
Сабо ба саргармии ӯ нигариста, тааҷҷуб мекард: “Гӯё
нахӯдро дар умраш бори аввал медида бошад, зеҳн мондани
уна нигаред”, — тааҷҷуб мекард духтар.
Аз он тарафи сой ду нафар бачаи қад-қади об дар даву
тозро дида, сараввал Сабо эътибор надод. Бачаҳо дар рӯ ба
рӯи Сабо қарор гирифтанду ба болои харсанге баромада бо
ҳар гуна ишораҳо фарьёд карданд:
— О-о-ми-и-н!
Чӣ гуфтани онҳоро фаҳмидан намешуд.
Баъди он ки чанд бор сайъ карда, матлаби худро
фаҳмонда натавонистанд, бачаҳо маслиҳат карданду баробар
фарьёд заданд:
— Ро-о-ми-ишш!
Ромиш бо изтироб пештар давида рафт.
— Ҳо-о-о!.. Чӣ гап?..
— Баландтар фарьёд кун, — саросема шуд Сабо.

пешина
аз 192
навбатӣ