Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Гирумони ҳикояи “Оғоз” тамоман дигар хел аст. Оҳанги латифи лирикӣ аз оғози муҳаббати поку беолоиши ду ҷавон гувоҳӣ медиҳад. Муаллиф эҳсосоти сӯзони ниҳонӣ ва самимияти бедоғи Ромишро ба дуруштию кӯрдилии Зафар муқобил мегузорад. Ромиш ҳар қадаре, ки аз дӯстию меҳрубонӣ, дилҷӯию дилнавозӣ лаззатёб аст, Зафар аз ин бахт маҳрум, худ бехабар маҳкуми бадбахтӣ ва нафрат аст.
Аз ҳама муҳиммаш, қаҳрамонони повесту ҳикояҳои Баҳром Фирӯз бофтаи хаёли адиб не, балки одамони зиндаю заминианд. Муаллиф аз масъалаҳои сарпеч ва мушкили ҳаёт ҳаргиз рӯ натофтааст, ӯ хуб медонад, ки сӯҳон кардани теғаҳои сартези ҳаёт дар адабиёт худфиребӣ аст. Зеро инсон хоҳ-нохоҳ, ба онҳо рӯ ба рӯ мешавад ва он гаҳ нохушии андаке ба сари ҷавони ширинхаёл фоҷиаи азиме хоҳад буд.
Бинобар он ҳам, адиб қаҳрамонони худро ҳамеша дар умқи зиндагӣ тасвир мекунад ва бо ҷузъиёти хаёт қонеъ намемонад.
Баҳром Фирӯз ба ҷодаи адабиёт бо кӯлбори вазнини таассуроти рангин кадам ниҳодааст. Дар ин роҳи мушкилписанд мо ба ӯ саломатию барори кор орзумандем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё