Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

одамони он, хубу зишти онҳо ҷилвагар аст. Дар повесть таъсири амалиёти калонсолон ба наврасон боэътимод тасвир гардидааст. Қаҳрамони асосии повесть Рашид минбаъд ҷавонмарди меҳнатӣ, накӯкор, нисбат ба қаллобию фиреб, худписандию беинсофӣ номуросо гаштанаш аниқ аст.
Ҳикояҳои дар ин китоб гирд омада агарчӣ ҳар кадом як лахте аз зиндагии воқеӣ, як саҳнаи ибратомӯз аст, аз ҷиҳати банду баст ва бадеият бо ҳам ҳамсанг нестанд. Таҳлили муфассали онҳоро ба муҳаққиқони адабиёт ҳавола карда, ҳоло ҳаминро гуфтанием, ки муаллиф ба кори эҷодӣ саҳлгирона муносибат надорад.
Ҳикояи “Ҳақиқати талх”, ки ба назари мо аз ҳикояҳои беҳтарини ин маҷмӯа аст, бо хулосаи оддӣ, вале пурҳикмат хонандаро ба андеша водор мекунад. Ҳикояро хонда ба поён мерасонеду маҷбуред, боз хеле вақт фикр кунед, давоми вокеаро андешед. Банду басти бепечутоб, материали сара карда гирифтагӣ, образҳои табиӣ ҳикояро таъсирбахш кардаанд. Воқеаи дар назари аввал хурдакак ба ҳаёти бача таъсири амиқ гузоштааст: ду додар сагчаашонро ба чӯпони колхоз мефурӯшанду худро бо он тасаллӣ медиҳанд, ки саги онҳо рамаи колхозро бонӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, сирро аз падару модар руст мекунанд. Сонитар ихтилофе сабаб мешаваду додари хурдӣ сагфурӯшии акояшро ба падар хабар медиҳад ва бо ҳамин аз ҷазои кирдори худ халосӣ меҷӯяд.
Аммо падар баръакс, ӯро сахттар ҷазо медиҳад: ҳам барои гуноҳаш, ҳам барои хабаркашиаш. Падар ба фурӯшандаи саг бо дард, бо нафрату алам чунон менигарад, ки ин нигоҳ аз ҳар ҷазое вазнинтар буд. “Нокас! Фақат нокас дӯсташро мефурӯшад”, — гуфтани падар дар гӯши ў як умр, баробари фарьёди сагчае, ки фурӯхта буданд, садо медиҳад.

пешина
аз 192
навбатӣ