Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

саҳна мегардад, ки эҳ-ҳе-е... Ҳамин хел гӯям, боре модарам гуфта буд: “Дар замони пеш одам қасоси кирдукорашро дар чил сол кашад, ҳозир дар чил рӯз мебинад...”
– Баҳори сабил ин қадар дер меояд, – боз ба сухан даромад Ҳусейн.
– Худора тез бош гуфта нашавад, – ба зӯр садо баровард Самеъ.
“Ҳамаи умедамон ба баҳор, – аз дил гузаронд Рашид. – Агар барвақт ояд, зинда мебароем, дер кунад... Аслан, ин қадар аз мурдан меҳаросем?! Аздусар, ҳама мемиранд... Дар ин дунё одам рӯзи маргашро интизорӣ мекашаду бас... Фарқаш чӣ... Чунон ки Хайём навишта аст, “ Аз омаданам набуд гардунро суд, в-аз рафтани ман чиз ба ҷоҳаш нафузуд...” Бинобар он, ҷавонмардона зиндагӣ кардан даркор! Ҳамон чизи ба дасти Ҳусейн расидагӣ аждаҳо бошад ҳам, меравам... Балки ҳеҷ чиз набудагист. Агар ба дасташ ягон реша ё пашме дармонда бошад, ин тарсу ваҳмида фарёд заду гурехт... Тарсончак чор чашм дорад мегӯянд, рост аст... Имрӯз ҳам гузашт.
Фардо меравам. Инҳо нараванд ҳам, ман худам меравам, вассалом!..” Б о б и п а н ҷ у м

Ана гапу мана гап! Хирс! Баҳсу талоши шарикон. Умеди
наҷот

Гуруснагӣ онҳоро ба чанголи шиканҷаи худ гирифта,
рӯз аз рӯз, соат ба соат беҳол мекард. Решаҳои талх, алафҳои
беранги ғор, занбӯруғҳои нимхушк ҳам тамом шуданд, ҳоло
ин чизҳо бағоят кам дастрас мешуд. Қариб тамоми рӯз чизи
хӯрданӣ меҷустанд, ҳар як решаю пӯстлохи ба дасташон аф-

пешина
аз 192
навбатӣ