Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
тодаро хоида медиданд, аммо гуруснагӣ бештар хурӯҷ мекард.
Баъзан чашмҳошон сиёҳӣ мезаду мадори аз ҷо ҷунбидан намемонд. Вале фурсате нагузашта ба тавассути дилбардории Рашид боз андаке ба ғайрат медаромаданду хӯрок меҷустанд.
Беҳуда нагуфтанд, ки гушна худро ба даҳони шер задаст.
Оқибат, се тан дар даст чӯбчаҳои фурӯзон ба сӯи пешгаҳи ғор ҳаракат карданд. Рашид, ки пешопеш мерафт, он “ҷонвар”-и Ҳусейнро аввал диду ба қафо рӯ оварда пичиррос зад.
– Хирс!.. Хоб аст... Ҷим-м...
Хирси барзангӣ дар болои “бистар”-и аз шоху шибба таҳ кардагиаш масти хоби зимистонӣ буд.
Онҳо қафо гаштанд.
Вазъи кор билкул дигар гашт.
Сараввал ҳар се тан аз шодмонӣ ба ваҷд омада, меҷаҳиданду мерақсиданд. Сонӣ... Рашид аз раъи аввалинаш гашт.
Дос ҳам, шоф ҳам аз қайроқзании Самеъ ялаққос зад, алмос барин тез шуд, вале Рашид ба куштани хирс розӣ набуд. Хирси хобида ба дили вай қувват ва умед бахшида буд. “Дар ин ғор мо танҳо не, полвон-амак хоб будаст, вай роҳи баромаданро меёбад”, мегуфт вай дар дилаш. Зотан, Рашид ҳамаи ҷонваронро дӯстдор буд ва ҳамеша ҷаҳдаш бар он буд, ки аз ӯ ба онҳо озоре нарасад. Ҳайвонот ҳам гӯё ин шафқати ӯро фаҳмидагӣ барин, аз вай намерамид, намеҳаросид. Хари ҳангиашон ба ғайр аз вайу додош касеро ба худаш наздик рафтан намемонд. Аз додош метарсид, он кас борҳо халачӯбкорӣ кардагӣ, аммо Рашид қатӣ ҷӯра буд.
– Хирс моро халос мекунад... – мегуфт вай ҳоло якравона, дасташро шоф карда ба таъқид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё