Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Пиракиҳо мегуфтанд, ки гушна ба шер мезанад...
– Ташна ба дарё, – луқма дод Ҳусейн.
– Пиракиҳо боз мегӯянд, ки гушна шӯхиро намебардорад, – гуфт Рашид.
Баъди хеле хомӯшӣ, вазъи ҳоли шариконашро андешида вай аз аспи ғазаб батамом фуромаду оштихоҳона гуфт:
– Натарс, аз гушанагӣ ба ин қарибӣ намемурӣ. Одам то ду моҳ бе хӯрок зинда мемонад. Дар китоб навиштагӣ, ба ин гап шубҳа накун. Ҳол он ки мо як чиз-ним чиз мехурем.
– Ду моҳ?! Дар куҷо навиштагӣ? Номаъқул кардӣ! Гапи бекора!
– Ду моҳ?! – бо писханд пурсид Ҳусейн ҳам.
– Ду моҳ, – таъқид кард Рашид ба оҳанги тамасхур ва авзои мазоҳомези онҳо эътибор надода. Баъд дар ҷавоби писханди Ҳусейн гуфт: – Ту дар умрат ба ғайр аз китоби дарсӣ чанд китоб хондӣ? А?.. Ҳеҷ набошад, даҳта ҳаст?.. Даҳта ҳам набудагист? Одам бе хӯрок то ду моҳ зинда монданаш мумкин! Инро ҳар як одами каму беш хондагӣ медонад.
Баъд вай бархосту аз остини Самеъ гирифта, ӯро ба таги дар бурд.
– Ҷисми инсон ҳангоми ғизо нагирифтан захираи равғанашро сарф мекунад... Канӣ? – вай бодиққат пӯсти бозу ва рӯи гардани Самеъро молида дид. – Ҳолӣ нишони гуруснагӣ равшантар маълум нашудаст. Пӯстат мулоим...
– Хоҳӣ-нахоҳӣ, рафтем, хирса мекушем, дигар гап нест.
Духтурета рафта да қишлоқ мекунӣ.
– Хирс бедор мешавад... Вақташ расидагӣ... Онро куштан осон не... Тоқат кун... ё набошад... – Ногаҳ чӣ фикре ба сараш заду ӯ бо ишораи ангушт диққати шариконро ба худ ҷалб кард. – Ду-сета чӯбчая даргирон, дарунтар меравем. Боз раҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё