Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

баромад будагист... Бист қадам дарунтар мӯрӣ барин кушодагӣ бошаду мо дар ин ҷо бандӣ барин нишаста бошем, а?!
– Хаёлҳои бекора... Агар боз дараш бошад, одамон мегуфтанд, – гуфт Самеъ.
– Рӯшноӣ медаромад-дия, – гуфт Ҳусейн ҳам аз ин гуфтугузори беҳуда дилгир барин бепарво.
– Илоҷи дигар надорем, – гуфт Рашид ситезаомез. – То
охири ғор рафта тафтиш кардан даркор аст.
Авзои Самеъ равшан мегуфт, ки ин кори беҳуда аст, вале
ба исрори Рашид ночор тан доданаш аён буд.
– Аз пеши хирс чӣ хел мегузарем, – хавотиромез пурсид
Ҳусейн. – Раваду бедор шавад...
– Тура ба даҳанаш дода мегузарем, – гуфт Самеъ аз ин
сухан бештар дилтанг гашта.
Онҳо дар даст чӯбчаҳои фурӯзон, торҳои тортанаки дар
шифту деворҳои ғор бударо сӯхта, нӯг-нӯги пой қадам ниҳода
аз бари хирси хобида гузаштанд. Гузаштанду чор қадам онсӯтар, дар рӯи шохи хушк хирсаки дигареро хоб дарёфтанд.
Сараввал ба чашмони худ бовар накарданд. Бо чашми худ
дида истода, бовар накарданро “ҳамту, гап-дия” мегуфтанд,
вале ин бор дар таҷриба санҷиданд. Бо навбат пои онро
дошта диданд – зинда.
– Хирсбача... Яксола ҳам не, – гуфт Рашид оҳиста.
– Боз ягона баҳона ёб, – бо нафрат ба сӯи Рашид нигарист Самеъ.
Рашид оҳиста пушти сарашро хорид.
– Очат зоидагит барин дилат месӯзад...
Алави чӯбчаҳошон зуд хомӯш шуданд. Самеъ ва Ҳусейн
ба ҳеҷ ваҷҳ дигар пеш рафтан нахостанд ва онҳо қафо гашта
омаданд.

пешина
аз 192
навбатӣ