Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Э, ин дир-дир меларзад, – гуфт Самеъ ба тамасхур ба сӯи Ҳусейн чашм ало карда. Гапи ёфтагеш ҳамин: “Хирса чӣ хел мекушанд?” – бо мазоҳ ба овози Ҳусейн тақлид кард Самеъ.
– Дар ҳақиқат, куштанаш осон набудагист?
– Э, шофа мегираму сараша мебуррам, вассалом, – гуфт Самеъ.
– Кушта натонию хирс бедор шавад-чӣ? – гуфт Ҳусейн.
– Хайр, ба фикрат чӣ кор мекунем? Пойҳоша мебандем?
– Бастан даркор, – гуфт Ҳусейн таваккалан.
– Чӣ қатӣ?.. Тасмаҳоро мекушоем, – зуд чораҷӯй кард Рашид.
– Кори девонаро худо рост мекунад, – саросема буд Самеъ.
– Як зӯр занад, тасма титу-пит мешавад, – эътироз кард Ҳусейн.
Оқибат қарор доданд, ки ду тасмаро якта карда тофта, ду пои қафои онро мебанданду ду пои пешашро бо як тасма.
Сараввал аз ваҷҳи чароғ хеле саргаранг шуданд. Бо алави чӯбча хирсро кушта пӯст кандан амри маҳол буд. Онҳо қарор карданд, ки дар шӯълаи алав хирсро зуд мекушанду аз равғани он чароғи сиёҳ сохта, корро бо он анҷом медиҳанд.
Барфе, ки аз домани теға ҷудо гашту сангу барфи раҳашро рӯфта гузашт ва даҳони ғорро баст, ҳоло аз нафаси баҳор кам-кам тунуктар мешуд, пешайвон рӯз аз рӯз равшантар мегашт. Хира бошад ҳам, бачаҳо андоми якдигарро медиданд, аз лоғарии ҳамдигар ба ваҳшат меомаданд. Либосҳояшон дар тани лоғари аз пӯсти устухон иборат халтовар овезон буд.

пешина
аз 192
навбатӣ