Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Акнун, бо дили пур гуфтан мумкин аст, ки наҷот ёфтем! – Гуфт Рашид аз хушнудӣ каф ба каф суда. – Дигар намемирем, ҷӯраҳо!
– Худора гардам! Ғами мора хӯрда...
– Маро гардам гӯй! Ман шуморо агар кашола накунам,
яктаат – “хирс ба ман раҳ мекушояд”, дигарат – “хирс маро
мекушад” гӯён, э-э... мемурдед...

Б о б и ш а ш у м

Хирсро чӣ хел мекушанд? Борони баҳор. Хирс бедор мешавад.
Самеъ дар ташвиш.

Онҳо ба пешайвон баромаданду хаставу беҳол худро ба замин андохтаанд. Тан дар арақи сард, сар ба мисли орухона ғув-ғув дар садо, беҳол тапидани дили худро онҳо дар ҳаёт бори аввал мушоҳида доштанд. Вале ҳоло умеди тоза ба онҳо қувва ва матонат мебахшид. Бо ҳамин неру онҳо лаҳзае нафас рост карданду зуд аз ҷо бархоста нишастанд ва ба маслиҳат шурӯъ намуданд. Вале аз беҳолӣ мадори фикр кардан ва сухан гуфтан наёфтанд. Сонӣ Рашид бархосту рафта чор-панҷ каф об хӯрд. Самеъ ва Ҳусейн ҳам ночор ба вай пайравӣ карданд.
Азбаски барои раҳкушои ё раҳбаландӣ хирси калон буд, онҳо хирсбачаро куштанӣ шуданд. Самеъ чунон бетоқат буд, ки дар бобати чӣ хел куштани хирс ба андешидан имкон намедод. Бо вуҷуди ин, чӣ хел куштани хирсро онҳо дуру дароз маслиҳат карданд.
– Шумо ҳар ду барои куштани он як бор рафтед, чӣ хел куштанӣ будед? – пурсид Рашид бо табассум кинояашро пинҳон надошта.

пешина
аз 192
навбатӣ