Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Гапи ин ҷа дар ҳамин ҷа монад! Агар фаҳмам, ҷӯраҳо, нағз намешавад, – бо интиқоми худ таҳдид кард вай.
– Албатта, – гуфт Ҳусейн зери лаб.
– Ман гурусна будам, қариб мурам... Дар сари ҷаҳл ба ту сахт расидам, Ҳусейн, ба дилат нагир, ҷӯра, – Самеъ ҳоло бо муҳаббат ба чашми Ҳусейн менигарист. – Аслан, тӯби мо ба тӯби шумоён наздикӣ дорад: духтари холаи додот Ҳалимакампир зани ана, вай, тағои додои ман-дия... Ҳамаамон як одамем. Ана, тӯби ино, – вай ба сӯи Рашид ишора кард, – тӯби Сӯфиён қатӣ наздик...
“Муаллим мегуфтанд, ки одамони ҷоҳилу нодон аз рӯи ҳаммаҳаллӣ ва ҳамхунӣ қаробат меҷӯянду ва баръакс, мардуми соҳибмаърифат ва мутамаддин аз рӯи маънавиёт... Дуруст аст, қаробати ҳайвон фақат аз рӯи ҳамхунӣ... – аз дил мегузаронд Рашид. – Пеш аз ин ҳам ба Ҳусейн худашро наздик мегирифт, косалесӣ мекард. Баъди ба ғор афтодан сараввал Ҳусейнро фаромӯш кард, ҳатто ба қатори одам нашумурд ва баръакс, ба ман меҳрубон шуд. Баъди он, ки аз гуруснагӣ раст ва умеди наҷот гирифт, дигарбора дар чашми ман ҳақиру нописанд ва Ҳусейн эътибор пайдо кард. Ба Анор мафтуниаш ҳам дурӯғ аст. Анор духтари хушрӯ ҳам не ва ин ба вай гирифтор ҳам не. Ҳолӣ ин куҷою зангирӣ? Акнун ба ҳабдаҳ даромад... Аслан, ин Самеъ ба кори худаш ҳушёр. Язнаи Ҳусейн кӣ буд? Як ҳисобчии бригада. Хоҳари калонии Ҳусейна гирифту андозчӣ шуд, оҳиста-оҳиста раиси ҷамоа мешавад, мудири амбор мешавад... Самеъ кӯр не, мебинад, барои фардо нақша мекашад...”
– Ҳозир ҳамин хел расм шудааст, ки калону калоншавандаҳо фақат худашон барин одамон қатӣ қудо мешаванд, – гуфт Самеъ аз бом тароша афтодагӣ барин ногаҳон. – Эҳ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё