Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

агар ман пушту паноҳ медоштам! Шоферира хонда биём, як мошини наппа-нав тиянд, ё ки завгар таъин кунанд. Ана, сонӣ медидед, ман чӣ корҳо мекардам!.. Пушту паноҳам нест...
Аз шунидани ин суханон шариконаш қайҳо дилгир бошанд ҳам, вай гаштаю баргашта онро такрор мекард. – Додот Анора, албатта ба ҳу, вай писари олуси ҳосилот метиянд... Ё аз писари раис умедворанд, кӣ медонад. Хоҳари калонета ба хешбачаи худатон доданд-а? Вай ҳам кордаш болои равған шуд...
– Талабгор гашт, доданд-да, – гуфт Ҳусейн беэътино ба ҳасрати вай.
– Ба дигар талабгорҳо чиба надоданд?! Даст-даста мешӯянд. Одамон то як гапа надонанд, намегӯянд, ҷӯраҷон.
Гапу корҳое, ки баъзеҳо дар деҳа фақат худ ба худ иқрор мекунанд, аз дил мегузаронанд, ба ҳеҷ кас сир надода ба нақша мегиранд. Самеъ рӯирост мегуфту орзу мекард ва аз ин фошгӯӣ ҳаргиз ҳиҷил набуд, балки онро ба камоли ифтихор мақсади ҳаёти худ мешумурд. Рашид атвори ӯро мушоҳида мекард, суханони ӯро гӯш медоду тааҷубаш меафзуд. “Вай ба ҳеҷ кас дилбастагӣ надорад, сидқан очаша ҳам дӯстдор нест.
Вақте дар ғор афтодем, ману Ҳусейн бештар аз он дилхун будем, ки падару модарамон дар ғами мо сӯхта кабоб мешаванд, аммо Самеъ ба номаш, ба мо тақлид карда очаашро ёд меовард. Аз авзоаш маълум буд... Ба ҳеҷ кас, ба ҳеҷ чиз дилаш намесӯзад!..” – мегуфт вай худ ба худ. – Агар ҳама Самеъ барин аз паи ду-се ҳаромхури деҳа раванд, ба онҳо тақлид кунанд, оқибати кор чӣ мешавад? А? Ба одамони хубу ҳалол тақлид мекардагиҳо кам андар каманд. Баъзеашон аз ночорӣ...”
– Эҳ, ба ман як одами раҳ нишон медодагӣ бошад, чунон корҳо кунам, ки... – боз шиква сар кард Самеъ. – Ту худат

пешина
аз 192
навбатӣ