Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷӯраҷон, тезтар хонда биёю ягон амал гир, – бо оҳанги
нимҳазлу нимҷиддӣ ба Ҳусейн хитоб кард вай. – Ман мошини
худата ҳай мекунам.
– Ту бекора шофириба мехонӣ, – гуфт Рашид зоҳиран
ҷиддӣ, оҳанги киноядори суханашро маълум накарда. –
Хубаш, пеши бобои Манзар раву масхарагӣ ёд гир. Сонӣ он
кас барин... Ту раиси колхоз Ҳусейнбой Назирова хандонда
мегардӣ. Ба қавли худат, кордат болои равған мешавад.
– Не, ман бекор гашта наметаванам. Ҳолӣ нигоҳ карда
истед, ман чунон корҳо кунам, ки... – гуфт вай ба кинояи
Рашид беэътино.
– Ман агроном шудам биём, хоҳӣ-нохоҳӣ, як тарафи
колхоз ба дастамон. Парво накун,ҷӯра, навбати худамон ҳам
мебиёд,– гуфт Ҳусейн аз ин таъсир гирифта.
– Ҳамин хел гӯй ҷӯраҷон! Имсол даҳума тамом карда,
тезтар ба институт даро. Боз чор сол ё панҷ сол мехонӣ? Да
институт?
– Асосан, чор сол. Соли панҷумаш дар колхоз таҷриба.
– Ҳа, чор солакак будаст, ана-мана нагуфта мегузарад.
Раиси колхозамон ҳам пир шудагӣ...
Ин лаҳза аз дур садои кунди тундар ба гӯши онҳо расиду
сухани Самеъ дар даҳонаш монд. Ҳар се ба гӯши худ бовар
накарда баробар аз ҷой ҷастанду ба таҳи дари бастагӣ омада,
гӯш ба қимор истоданд. То ки садои тундарро нашунида намонанд, онҳо бо забони нигоҳ бо ҳам гуфтугузор карданд.
Баъди лаҳзае хомӯшӣ Ҳусейн пурсид:
– Тундар буд? А?
– Баҳор...– гуфт оҳиста Рашид бо як олам ҳаяҷони ботинӣ. Ин дам чашмони вай бо як навъ нури фараҳбахш медурахшиданд, нигоҳаш ба атроф бо навозиш мелағҷид.

пешина
аз 192
навбатӣ