Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Асири девҳо шуда буд. Акнун ӯ озод шуда буд ва аз нав ба халқ хизмат карда метавонист.
Ана ҳамин хел Эраҷи далер ҳам девҳои одамхорро нест карду ҳам падарашро аз марг халос карда, ба зодгоҳаш баргашта, солҳои дароз шоду хуррам умр ба сар бурданд.
БОЙИ ЗОЛИМ
ВА КАЛИ ЗИРАК
Буд набуд як зан буд. Шавҳараш бармаҳал вафот кард ва се писараш ятим монд. Зан хунобаи дил хӯрда, бо нӯги дуку захми сӯзан фарзандонашро калон кард. Онҳо ба воя расиданду охирин торҳои мӯи сари зан ҳам сафед шуд. Рӯзе кампир ба писаронаш гуфт:
— Акнун шумо калон шудаед, ман бошам пир шудаам, дастони бемадорам дигар чарх гардонда наметавонанд, чашмони хираам дигар сӯрохи сӯзанро намебинанд, равед, мардикорӣ кунед, нони худро ёфта хӯред.
Писари калониаш ин гапро шунида гуфт:
— Модарҷон, ман тани сиҳат, дастони пуркувват дорам, меравам, мардикорӣ мекунам, ҳар чӣ ёбам гирифта меорам.
Кампир нону кулча пухт, ба як рӯймол баста ба писараш доду ӯро гусел кард. Ҷавон рафт, ба шаҳр расид, пурсуҷӯ карда ҳавлии як бойро ёфта дарвозаашро так-так кард. Бой баромада дид, ки як ҷавон истодааст, пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё