Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Бой дарҳол гӯшу бинии ӯро низ бурида бароварда пеш кард.

Ҷавон гирёну нолон ба пеши модараш омад. Фиғони дилхароши кампир баланд шуд, вай ба бинию гӯши буридаи фарзандаш нигоҳ карда мегуфт:

-- Хонаат сӯзад бой, рӯзи некиро набинӣ, бой!

Писари хурдии кампир, кал буд, ӯ ҳоли зори бародаронашро дида ғазабаш ҷӯшиду гуфт:

-- Акаҳо шумо сустӣ кардед, нодонӣ кардед, ки ба ин ҳол афтодед, ман рафта шарти бойро иҷро мекунам ва қасоси шуморо аз бой мегирам.

-- Нарав, ту ҳам ба ин ҳол гирифтор мешавӣ, ҳарсеят ин хел бе гӯшу бинӣ шавед, ман чӣ кор мекунам?! - гуфт модараш ӯро рафтанӣ намонд.

Кал ба модараш гӯш надода, баромада рафт. Ба назди хонаи бой омада дари бойро тақ-тақ зад. Бой баромада пурсид.

-- Ҳа, кал, ба ман чӣ кор дорӣ?

Кал гуфт:

-- Акаҳои ман омада хизмати шуморо ба ҷо оварда натавонистанд, ман мехоҳам ба ҷои онҳо хизмат кунам.

Бой ҳамон шарташро ба кал гуфт. Кал розӣ шуд. Бой саҳарӣ калро аз хоб бедор карда ба ҷуфтронӣ фиристод. Кал ба сари замин омада, ҳалвои гандуми бойро ба чуқурие рехту дар сояи

пешина
аз 44
навбатӣ