Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарахт хоб рафт. Бегоҳӣ шуд, кал ба ҷои ҳезум юғу сипори бойро шикаста ба хар бор карда омаду хӯҷаинашро ҷеғ зад.

— Мана, ҳезум, гиред! — гуфт.

Бой пурсид:

— Эй калҷон, ин ҳезуми қокро аз куҷо ёфтӣ?

Кал гуфт:

— Ҳамон юғу сипоратонро шикастаму ҳезум карда овардам.

— Барои чӣ ин тавр кардӣ?! — ғазабашро базӯр нигоҳ дошта гуфт бой.

— Хӯҷаин магар хафа шудед?

Бой ғазабашро фурӯ нишонда гуфт:

— Не, хафа нашудаам.

— Хафа нашуда бошед, — гуфт кал, — то пагоҳ як ҷуфт сипори дигар тайёр карда монед.

Кал боз пагоҳии барвақт ба ҷуфтронӣ рафт, гандумро ба чуқури рехта баҳузур хоб карду бегоҳӣ юғу сипорро ҳезум карда баргашт. Бой дарун-дарун сӯхт, аммо чизе нагуфт.

Як рӯз кал ҷуфт ронда истода, фикр карду яке аз барзаговҳои бойро кушт, гӯшташро ба ҷуволи гандум андохта ба хар бор кард, юғу сипорро шикаста ба болои он баста баргашт.

— Эй кал, як барзагови дигар канӣ? — пурсид бой.

— Куштам, — гуфт кал, — гӯшташ дар ин ҷувол, хафа шудед, бойбобо?

Бой дандон ба дандон монда гуфт:

— Не, хафа нашудаам.

пешина
аз 44
навбатӣ