Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
-- Ин хел бошад, писарам, гӯш кун. Боз ҳафт шабу ҳафт рӯзи дигар роҳ рафта ба соҳили дарёи азиме мерасӣ, аз дарё ки гузаштӣ, дар он лаби дарё як суфа ҳаст, он ҷойи дамгирии Водареғ аст. Вақте ки ба он ҷо рафтӣ аспатро ба шохи чанор мебандӣ, зери он чанор як кас оҳангарӣ карда истодааст, ин одам ошнои ҷонии Водареғ аст, макони Водареғро ба ту мегӯяд.
Вазирзода боз ҳафт шабу ҳафт рӯз роҳ гашта, ба он дарё расид, аз дарё гузашта аспашро ба шохи чанор басту ба тарафи дӯкони оҳангар рафт:
-- Ассалому алайкум.
- Ваалейкум ассалом, писарам. Биёед! Хуш омадед! Одамҳои ин ҷо барин наменамоед, аз куҷо омадеду ба куҷо меравед?
Вазирзода воқеаи аз сараш гузаронидаро нарезондаю начаконда гуфта доду аз оҳангар илтимос кард, ки ҷои зисти Водареғро гӯяд.
Оҳангар гуфт:
-- Хуб, агар ҳамаи гапҳои ту рост бошаду худат бо Водареғ ошно бошӣ, кор осонтар.
Вазирзода гуфт, ки ман ба вай шаш моҳ боз шинос, борҳо ҳамнишин будем, нону намақ хӯрдем, ҳамроҳ ҷанг кардем. Вақти хайрухуш ана ҳамин қаламтарошашро дода буд.
Баъд оҳангар чил гулмех тайёр карду ба вазирзода дода гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё