Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
-- Ба суроғи Водареғ бисёр ту барин касон омада нобуд шуданд. Вай як аспи луччак, як бозии тозии луччак дорад, ки шаб то рӯз ба чор тарафи дунё чашм давонда посбонӣ мекунанд. Ҳамин ки ягон одамро дар наздикии қаср диданд, чиррос мезананд. Водареғ ҳамон замон баромада он одамро несту нобуд мекунад. Ба ту ман як маслиҳат медиҳам. Агар аз рӯи маслиҳати ман кор кунӣ, мумкин аст, ки ба муроду мақсадат расӣ. Ту як навъ карда, ҳозир ба таги қаср рафта хандақе кану дарунаш даромада шин. Шаб, ки шуд, баъд аз ними шаб саратро барор. Аспи тозиву бозии луччак сари туро дида чиррос мезазанд. Ту даррав худатро ба зер каш. Водареғ мебарояду ба ҳар тараф бо дурбин нигоҳ мекунад, ҳеҷ касро намебинад. Баъд аспу бозашро ҷанг карда даромада хоб мекунад. Боз ту нисфи танатро намоён куну аспи тозию боз, ки чиррос заданд, даррав паноҳ шав. Водареғ боз мебарояду ба чор тараф нигоҳ мекунад, ҳеҷ касро намебинад, аспу бозашро боз сахттар ҷанг мекунад. Ҳамин вақт то сари зонуят намою боз паноҳ шав. Аспи тозиву боз боз аз нав чиррос мезананд. Водареғ боз мебарояду ба чор тараф нигоҳ мекунад, баъд ба аспи тозиву боз мегӯяд: Қасам ба номи Парвардигор, агар боз дод гӯед, баромада бинам, ки касе нест, сари ҳар дуятонро мегирам! Ту боз каме исту ин навбат аз даруни чуқурӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё