Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Давида баро ва зуд гашта паноҳ шав. Ин дафъа аспу боз сахт чиррос мезананд. Водареғ баромада, ба чор тараф назар мекунад, ҳеҷ касро намебинад. Дар ғазаб шуда аспи тозию бозашро мекушад. Баъд ту нигоҳ карда шин, то ки хоби Водареғ барад. Сипас, хезу поида рафта ба қаср даромада бин, хобаш бурда бошад, чил гулмеҳро ба замин зада чил кокулашро банду якбора ба банди дилаш савор шав. Водареғ «фуро, ҳар кӣ бошӣ мегирам» мегӯяд, аммо ту нафаро, гӯй ки қасам хӯр, баъд мефароям. Вай ҳар хел қасам мехӯрад, нафаро, баъде ки «хайр қасам ба китобчаи бобокалонам, фаро ман аз тую ту аз ман» гуфт, он вақт фаро. Вазирзода ба қасри Водареғ рафта, гуфтаҳои оҳангарро кард ва ҳама кор мисли гуфтаҳои ӯ шуд. Баъд аз он ки хоби Водареғ бурд, ба қаср даромада дид, ки Водареғ дар болои тахт. Гулмеҳҳоро ба замин заду чил кокули Водареғро ба гулмеҳҳо баста худаш ба болои синааш савор шуда хоб аст. Ҳамон кордҷаро ба болои синааш зер карда буд, ки Водареғ бедор шуда кордҷаро ба болои синааш диду гуфт:
-- Хайр хез, тақдирам бо ту будааст.
Вазирзода гуфт:
-- Не, аввал қасам хӯр, баъд мехезам.
Водареғ қасами бисёре хӯрд. Писари вазир гуфт:
-- Не, ҷиддӣ қасам хӯр!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё