Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Акнун вазирзодаро дар ҳамин ҷо монему рафта бинем, ки аҳволи Водареғ чӣ гуна аст.
Подшоҳи Кулзум Водареғро бурду тӯю тамошо сар кард.

Водареғ гуфт:
-- Шавҳари ман дирӯзакак кушта шуд. Ман чил рӯз азо мегирам, баъд ихтиёри ман ба ту.

Сию нӯҳ рӯзи мӯҳлати Водареғ гузашт. Рӯзи чилум подшоҳи Кулзум дар тараддуди тӯй шуд. Водареғ ҳафаю дилаш ҳиҷил дар қасри подшоҳ менишаст.

Ҳамин вақт канизаки подшоҳ ба лаби ҳавз рафта, ба офтобаи тилло об гирифтанӣ буд, ки қаландаре омада монд.
-- Духтарам, ин тараф биё, ман аз офтобаат об хӯрам. Биё, савоб мегирӣ!

-- Не, оям ҷанг мекунанд, - гуфт канизак.
-- Оят кӣ? - пурсид қаландар.
-- Оямам Водареғ - гуфт канизак.
-- Оят кай медонад, ки ман аз офтобаат об хӯрдам. Биё, савоб мегирӣ, -гуфту аз дасти канизак офтобаро гирифта обро нӯшида ангуштаринашро номаълум ба офтоба андохта, ба канизак таъин кард: агар оят ба дастам об рез гӯянд, камтаракак об рез, боз об рез гӯяд, боз камтар рез, дурусттар рез гӯяд, офтобаро чаппа карда, ҳамаи обро резу худат гурез.

Канизак обро бурда буд, ки Водареғ гуфт:
-- Ба дасти ман об рез.

пешина
аз 44
навбатӣ