Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Канизак камтаракак об рехт.
-- Боз рез, - гуфт Водарғ.
Канизак боз камтаракак рехт.
Водарғ «дурустар об рез!» - гуфта дод зада буд, ки канизак офтобаро чаппа карду ҳамаи обро рехту гурехт, ангуштарин рост ба сари ангушти Водарғ афтод. Водарғ ангуштаринро дида хурсанд шуда «шукр, ки зинда будааст» - гуфту хеста сурфаю тахта кушода тӯшбера пухт. Баъд тӯшбераро ба як хурмача бардошту ба болояш дуто нон монда ба канизак гуфт:
-- Ин хӯрокро ба меҳмон бару гӯй, ки моҳ дутою ситора тӯда-тӯда.

Канизак тӯшбераро бардошта мерафт, ки бӯи хушаш ба димоғаш заду иштиҳояш карнай шуда шитобон якто нону нисфи тӯшбераро хӯрд. Баъд хурмачаро пеши вазирбача бурда гуфт: - Ояам гуфтанд, ки моҳ дутою ситора тӯда-тӯда.

Вазирзода чанд вақт боз хӯроки гарм nahӯрда буд, тӯшбераро бо якто нон покиза хӯрду гуфт:
-- Рафта ба оят гӯй, ки моҳ яктою ситора ягон-ягон.

Канизак рафта ҳамин гапро расонда буд, ки Водарғ ӯро коҳиш кард:
-- Ҳа бадбахт, якто нону нисфи тӯшбераро хӯрдӣ!

Канизак тарсида хост бигрезад, Водарғ ӯро дошта гуфт:

пешина
аз 44
навбатӣ