Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Баъди тӯй вазирзода ба хаёл рафт. Водарег ба рӯяш зеҳн монду сабаб пурсид.
Вазирзода гуфт:
-- Ман духтари подшоҳро дар бистари арӯсӣ ба ҳоли худ монда рафта будам. Ин дам ӯ ба ёдам расид. Ин духтари ба ном шавҳаркарда чӣ ҳол дошта бошад?
-- Инро аз падарат пурс, - гуфт Водарег.
Вазир гуфт:
-- Аз ҳамон рӯз ин ҷониб подшоҳ сарҳаму ғамгин аст. Ӯ мехост, ки домодаш шоҳзода бошад, ҳоло ҳар шоҳзода духтарро бева пиндошта, ба ӯ талабгор намешавад. Духтар дар азоб аст, ба ӯ раҳми кас меояд.
Водарег ин қиссаи аламангезро шунида ба шавҳараш гуфт:
-- Рафтем!
-- Ба куҷо? - пурсид вазирзода.
-- Ба мулки Қулзум.
Вазирзодаю Водарег ба ин мулк омаданду ба подшоҳи мулк Қулзуму писари ӯ қиссаи духтари подшоҳи мамлакаташонро нақл карда фармуданд, ки ба духтар хостгор фиристонанд.
Боз тӯй шуд, тамошо шуд, боз чил рӯз мардум оши подшоҳро хӯрданд.
Подшоҳ ба муроду мақсадаш расид. Вазирзодаю Водарег шоду хуррам умр ба сар бурда ба камоли пирӣ расиданд, шумо ҳам ба ҳама орзуҳоятон бирасед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё