Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин ба Водарёг маъқул шуд. Ба Қулзум даст назада роҳ пеш гирифтанду ба ватани писари вазир омаданд. Омаданд, ки падару модари вазирзода дар фироқи фарзанди яккаву ягонаашон ғам хӯрдаву нолида, ба марги худ розӣ шудаанд. Фарзанди азизу келини маҳваши худро дида, шод шуда аз ҷой хестанд.

Писари вазир тамоми шаҳрро оинабандӣ карда, эълон кард, ки чил рӯз ҳеҷ кас дар хонааш таом напазад, ҳама чил рӯз ба даргоҳи вазир омада, оши тӯй хӯрда рафтанд.

Духтари подшоҳ, ки аз шавҳари шаби никоҳ баромада рафтааш умедашро канда буд, хабари тӯйи домодии ӯро шунида пеши падараш омаду гуфт:

— Падари бузургвор! Шумо маро ба писари вазир додан нахостед, ӯ маҳри маро аз шумо зиёд дода бошад ҳам, ба ман дил небасту шаби тӯй ба ман наздик нашуда, баромада рафт. Ман духтари подшоҳ, меҳрубонии шавҳарро надида, номи беваро гирифтам. Акнун ягон шоҳзода мани беваро талабгор намешавад.

Подшоҳ ин суханони талхро шунида, чун дар он рӯзе, ки вазир пешаш хостгор шуда буд, сарашро хам карда ба хаёл рафт. Баъд сар бардошту гуфт:

— Хаёли ман хом будааст, духтарам, бахти туро барбод додам. Аз гуноҳам гузар!

Подшоҳу духтарашро дар сари ин гуфтугӯи дилҳарош монему аз гуфтугӯи вазирзодаву Водарёг гап занем.

пешина
аз 44
навбатӣ