Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Зиндагӣ намебахшад ва ҳам амр мекунӣ, то шодиҳо аз ғамҳо дигар тавлид нашаванд.

Ману Ту дар ин роҳи бас дури зиндагӣ ҳамроҳ нестем, агарчи ҳар ду ҳам ба манзил мерасем ва дар он ҷо ҳамдигарро намешиносем.

Шаб ба дафтараки зебои таронаҳои ман мемонад. Бурунаш сиёҳ асту дарунаш сафед. Ва он замон дилрабо мешавад, ки дар он беҳтарин розҳои ошиқонаамро барои он Ёри ягона менависам.

Дирӯз ҳама аз шодӣ мегуфтӣ, имрӯз аз ғам низ намегӯй.

Шонаи сафедро бар он мӯи сиёҳ бурдӣ ва ман дидам, ки ҳар дандонаи он ба шукри ин ҳастии зебо зикр мекард ва бо он шараф меёфт ва ҳам эътибор. Боре агар он ба дастам меафтод, ба дидагонам мемолидам ва бар вуҷудаш ҳазор бӯсаи обдор медодам.

Замоне ки барф меборид, ман ҳама аз баҳор мегуфтам. Ин дам, ки баҳор омадааст, Ту, эй Ёр, ҳама аз барф мегӯй ва дилат ҳеҷ ба ин ниҳоли пургули муҳаббатам намесӯзад. Медонам, ки баъд онро мебурӣ ва мегӯй: «Онро сард зада буд, дигар на гул меовард, на бор».

Имрӯз ба ман аз ҷавоне гуфтӣ, ки тавонист дӯстат бидорад. Фардо ба дигаре аз ман мегӯй, ки натавонистам дӯстат бидорам. Ва мо, намедонам, чӣ фарқе аз ҳамдигар дорем, чун Ту ҳеҷ якеро дӯст намедоштӣ.

Гуфтӣ дар тамоми зиндагӣ бо ту ҳамчун дӯст мемонам. Дидӣ, ки бад-ин бевафоӣ бо ман ҳамчун душман низ намонӣ?

пешина
аз 210
навбатӣ