Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Маргро хостӣ. Дидӣ, ки Туро нашнид ва ҳеҷ ба наздат наёмаД? Охир ҷуз ман ҳеҷ кас бемеҳру бевафоро дар олам нахостааст.
ЯК шаби моҳтобӣ аст. Осмон ситора дорад. Дар он хонаи рӯшан бо ҷавоне аз ишқ мегӯй ва олами пурафсонаи он. Ва чаро ин ҳақиқатро бояд ман медонистам?
Гуфтӣ наметавонам ҳамаро хушбахт бигардонам. Пас чӣ сон тавонистӣ ҳамаро бадбахт намой?
Ту, ки омадӣ, ҳама аз баҳор гуфтӣ, аз баҳори файзбор гуфтӣ. Ман баҳорро дар ин гуфтор зеботар дидам ва ба ҷону дил дӯсташ доштам. Пас аз он офтоб бад-ин як шинохт ба рӯям лабханд зад ва шамолаки форам дар канорам гирифт. Гулҳо башорати шукуфоиро доданду мурғакон таронаи хушбахтиро хонданд. Оби равони ҷӯй асрори муҳаббатро гуфту кӯҳ устувориро омӯхт. Бо ин ҳама об аз дидагон мерехтам ва ҳайрон дар авсофи Ту будаму намедонистам чӣ сон шукри ин як омаданро ба ҷо биёрам. Ва дилу забонам низ аз нотавонӣ нагуфтанд: «Баҳорро Ту овардӣ, баҳори файзборро Ту овардӣ. Ва мо баҳорро бо Ту дӯст медорем».
Эй гулҳои зебо ва нарм, ки синаи сахти хокро шикофтаеду арзи ҳастӣ кардаед ва барои мо пайғоми баҳорро овардаед, чӣ гуна шукри шуморо ба ҷо биёрем? Забонамин баставу дилҳоямон хаста аст. Ба фиреби зиндагӣ гирифтор омадему ҳастиро нашинохтем ва нестиро тараннум кардему Ёрро аз ёд бурдем. Оре, Ёреро, ки шуморо ҳастӣ бахшиду зебой ва нармӣ ва ҳам нерӯеро, ки бад-он синаи хокро шикофтаед. Дар ин фасли хурраму шукуфой, агар ба илтиҷову зорӣ он ягона Офаридгорро бигӯед, ки аз ин гуноҳи бузурги мо бигузарад ва зиндагии дигарамон бибахшад, барои мо Наврӯз меояд ва ҳам баҳор бо он ҳама покиву зебой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё