Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дафтаракамро ба оташ бидеҳ. Оре, ин дафтари таронаҳои пурсӯзи маро хокистар бисоз. Он гоҳ хокистарро ба раҳгузори бод бинеҳ ва бигӯ: «Нишони ишқи ӯ дигар ҳеҷ намонда». Агар кӯдаке дар ин ҳол сурати маро биёрад, ба шодмонӣ умед бубанд, ки мурдаам ва ӯ ба Ту ин муждаро мерасонад.

Дидӣ, аз Ту рафтам? Оре, бе ҳеҷ видоъ, бе ҳеҷ овоз аз Ту рафтам. Замоне ин ҳақиқатро дарёфтӣ, ки гулҳои сурхи садбарг ошиқона шукуфтанд, аммо дилдодае бароят аз онҳо наёвард.

Агар аз ин як рафтан меранҷӣ, об аз дидагон намерезам, аммо паст, бас паст, ки шамолаки форам ҳам намешунавад, мегӯям: «Дӯстат медоштам ва ҳанӯз ҳам дӯстат медорам».

Чаро бояд ба ман бигӯй, ки дӯстам намедорӣ? Ман ин ҳақиқатро аз чашмони сиёҳи Ту бо ёрии бахти сиёҳи худ хондаам. Замоне ҳам, ки гулҳоро об медиҳӣ, шамолаки форам ба гӯшам мегӯяд: «Ӯ туро дӯст намедорад».

Чароғҳои рӯшани сари роҳро дуздидаанд. Дигар оне, ки ман бас дӯсташ медоштам, бо ҷавоне ҳам аз ин роҳ дар нимашаб, агарчи ҳам маҳтобӣ бошад, намегузарад. Ва ман гулҳои сурхи садбаргро барои омадани зебои ӯ дар ҳар қадам намегузорам.

Ба Ӯ бигӯед, ки ҳеҷ дӯсташ намедорам. Аз забони моҳу ситорагон, ҷӯйу шамолак ин ҳақиқатро шунидааст ва ҳеҷ бовар накардааст.

Оре, ба Ӯ бигӯед, ки ҳеҷ дӯсташ намедорам, агарчи бас дӯсташ медорам. Он гоҳ Ӯ аз гулҳои сурхи садбарги дари хонааш мепурсад, ки то куҷо ин сухан дуруст аст. Агар ҳам дарёбад дурӯғ мегӯям, ширин табассум мекунад ва бовар менамояд, ки дӯсташ медорам, бас дӯсташ медорам.

пешина
аз 210
навбатӣ