Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар бигӯям аз ёди Худо ҳам рафтаӣ, ба бехи он як ниҳоли беде, ки хушк хоҳад шуд, об намерезӣ ва ба сад зоғи пурдоғи пушти тирезаат наменигарӣ.

Гуфтӣ имшаб таронаҳои пурсӯзи маро хондӣ. Оре, ман ин ҳақиқатро эҳсос мекунам ва ҳам медонам аз ҷавоне ёд овардаӣ, ки боре дарнаёфтааст ишқ чист ва он ки барои АШ месӯзад, кист.

Ба Ту мегӯям, ман ин як рӯзгори пур аз фитнаро мешиносам. Ва ҳам агарчи дастони бенамакамро ҳазор сол пеш шустаам, ғизоам бас шӯр асту он киро дил додаам, кӯр.

Ман ба сурати Ту имшаб ҳазор бор нигаристам ва беш аз он гиристам. Оре, дарёфтам, ки ишқ даричаҳоро ба ҳам мезанад ва кӯдакон овози зангӯлаҳоро мебароранду муйсафедон бо оҳе ҳасратро барои ҷовидон бедор месозанд.

Ба чашмони сиёҳи Ту нигаристам. Ва чаро дар онҳо ман худро наёфтам? Ё ишқ маро ба ҳастии бас сарди Ту аз он чашмон бурд ва барои ман кафани ноумедӣ дӯхт?

Гуфтӣ, ки бахт ҳеҷ ба хонаи мо қадам ранҷа накард. Аммо бечора бахт гуфт, ки дар ду ҳазор соли танҳоӣ ҳеҷ бор дарро ба рӯяш накушодӣ.

Бигӯ, ман аз Ту ба кӣ шикоят барам? Агар бар Ту, танҳо бар Ту, барои Худо, ба сазо боре бигӯ, ки маро як рӯзи офтобӣ дӯст доштаӣ ва оламро он дам бас зебо дидаӣ.

Манам, ки дар ин шаби бе моҳу ситора ҳеҷ наметавонам аз гиря боз истам. Модари пирам бо дарку эҳсоси ҳолам тирезаи хонаро мекушояд ва бо ҳасрат ба осмон менигарад.

пешина
аз 210
навбатӣ