Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
зад ва ин ҳамаро аз миён бурд? Ба Худо, офтоб агар медонист, маро он хуршеди иқбол рух намудааст, ҳаргиз ёд аз тулӯъ намеовард ва шабро беҳтар аз рӯз мехонд. Дигар Ӯ ҳамчу ман хун мехӯрад ва ғурубро аҷри зиёд мегузорад.
Бигӯ маро дӯст намедорӣ. Бигӯ ба чашмонат бовар накунам, ки дар онҳо нишоне аз меҳр асту меҳрубонӣ. Бигӯ чашмаҳо об надоранд ва кӯҳҳо побарҷо намеистанд. Бигӯ зебоӣ рахти сафар бастааст ва роҳи бозгаштро аз ёд бурдааст. Бигӯ ва бубин, ки бо ин ҳама ман Туро маҳбубтар аз ҷонам мехонам, агарчи бар замон наметавонам бигӯям, ки дӯстат медорам.
Ҳар он чиро Ту дӯст медорӣ, ман дӯст медорам. Ҳар он киро Ту дӯст медорӣ, ман дӯст медорам. Агар ман худро дӯст намедорам, аз он аст, ки Ту маро дӯст намедорӣ.
Аз Ту чаро бинолам, ки ба бевафоӣ шӯҳраи олам шудаӣ? Аз худ бояд бинолам, ки бо ин ҳама дил аз Ту намегирам ва умед ба як рӯзи нек мебандаму бовар мекунам замоне вафо ба ҳастият рашк мебараду хушбахтӣ ба амрат дунёро хуррам мегардонад.
Дил аз мани бадбахти ошиқ гирифтӣ ва ба номусулмоне додӣ, ки рӯзе бӯи муҳаббатро нашунидааст. Дигар медонам, ки ҳеҷ гоҳ ману Туро кӯдаке ба даст оина намедиҳад ва ҳам номаҳоямонро ба ҳамдигар намерасонад. Оре, баски ба сияҳрӯй худро мешиносем ва ҳам дастамон аз нияти навиштани нома мешиканад.
Ту нагуфтӣ, ки мисли ман дилдодае намеёбӣ, аммо ман гуфтам. Ва замоне ҳазор ошиқ пайдо кардӣ, ҳамчунон хомӯш мондӣ. Аммо ман гуфтам, ки мисли ман дилдодае намеёбӣ, дар ҳоле ҳар як бештар аз ман дӯстат доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё