Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Месозаду аз ёди ҳама меравад. Агар ҳам зиндагӣ ба ҳолаш механдад, замонест, ки марг барояш мегиряд ва дар оғӯшаш мегирад.

Шоири Ту ин бор қалам дар даст шикаст ва афсӯс ҳам ба ҳолаш хандид. Чароғи рӯи мизаш ҳам мурд ва сӯхтани парвонаро надид. Соаташ афтид ва вақтро хато гуфт. Садои занги дар ба гӯшаш омад, аммо роҳро наёфт. Хаёлаш ҳамчунин як ҳақиқатро пеши назар овард, ки Ту мехостияш. Оре, бе видоъ аз наздаш рафтӣ ва гуфтанд дигар ҳеҷ ёдаш намеорӣ.

Пирамарде бо як пиразан ба хостгорӣ хонаи шумо меоянд. Онҳоро хуш мепазиранд. Ва Туро бар ҷавоне медиҳанд, ки бас дӯсташ медорию ба номаш хушбахтиро овоз додай. Духтараке баъд ба дунё меоред, ки ба фарзанди ман дил медиҳад. Ва шуморо ман дар сурати пирамарду пиразане мебинам, ки ба хостгорӣ хонаи ман омадаед. Оҳ, агар фарзанди ман бигӯяд, ки он духтари шуморо надидааст ва ҳеҷ гоҳ дӯст надоштааст ва ҳам дар андешаи бо ӯ зистан нест. Ба ноумедӣ даст ба пешонӣ мебаред ва аз сарнавишт менолед. Ва ман ба ҳолатон он рӯз мегирям, агарчи шумо ба ҳоли ман ҳама умр механдед.

Пиндоштӣ, ки ба он ҳама бевафоӣ ман аз Ту бе ҳеҷ видоъ меравам ва дигар рӯзе ёдат намеорам? Бигузор ҳар ду поям бишканад, агар бад-ин ният гоме биниҳам. Аммо бар ҳама хоҳам гуфт, ки Ту маро дӯст медорӣ. Охир, аз ҳазор нафаре, ки ин сухани дурӯғро мешунавад, яке ба он содагине, ки ман дорам, бовар мекунад ва ашк мерезаду мегӯяд: «Худоё, ин бадбахти худро оқибат ба тараҳҳум нигаристӣ, пас маро низ аз ёд намебарӣ». Он гоҳ Офаридгор ин бандаи дӯстдорашро ба меҳрубонӣ менигарад ва дурӯғи ӯро ба ҳақиқат бадал мекунад. Оре, ончунон ки то ба рӯзи қиёмат аз ин ӯ ҳеҷ бохабар намешавад.

пешина
аз 210
навбатӣ