Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Номаи пурсӯзу гудоз низ ба номаш навиштаӣ. Агар андак аз ин суханон бӯи ҳақиқат биёяд, Худоро зорӣ мекунам, то боз ошиқтарат бигардонад ва бидонӣ, ки шабҳои бехобӣ чӣ асту ситора шумурдан ба чӣ хотир. Оре ва ҳам аз ёди ҳама биравӣ, дур аз он ёри худ бишавӣ. Агар он замон ҳам барои ин дилдодагонат аз Офаридгор ба тазаррӯъ бахт нахоҳӣ, ба дуо мегӯем, ки шамолаки форам ба ҳасрат аз кӯят бигзарад.
Ба чашмони шаҳлоят, ки ҳазор фириб ба он менозад, наменигарам. Ба суханони ширинат, ки ба садҳазор соли баъд умедам мебахшад, гӯш фаро намедиҳам. Медонам, бевафоиро Ту шӯҳрат бахшидаӣ ва ҳақиқатро ҳам Ту чун ғарибе дардманд хор кардаӣ. Аммо аз ин ҳама рӯзе агар Туро бипурсанд, чӣ посух медиҳӣ? Ва гули сурхи садбаргро ба чӣ ранг мебинӣву оинаи покро ба чӣ ҷилва?
Бад-ин хастагии рӯҳ чӣ гуна бигӯям, ки Туро дӯст медорам? Бад-ин хории ҷисм чӣ гуна баён кунам, ки ба хидмати Ту омадаам? Аммо агар меронӣ, агар мехонӣ, дар ҳар ду ҳол ман онро барои худ шараф медонам ва ҳамчунон ба хомӯшӣ худро хушбахттарин мардуми олам мепиндорам. Оре, баъд ба ситоишат дар худ эҳё мешавам ва таронаи муҳаббататро аз дилу забон дур намекунам. Ба болидани рӯҳ ва ҷисми пуртавон он гоҳ мехоҳам бигӯям, ки Туро дӯст медораму ба хидматат камар мебандам. Оҳ, агар боз хастагии рӯҳу хории ҷисмамро бихоҳӣ. Охир, наметавонам ҳар лаҳза дигар бишавам, чун Ту, эй Ёр, ба ягонагӣ шӯҳраи оламӣ.
Дар ин шаҳр, ки хушбахтӣ ба ифтихор аз он фирор кардааст, ҳар рӯз як шоир мемирад. Ва Ту мегӯӣ: «Аз ошноӣ бо ту ва шеърат хаста шудаам». Худо ҳазор сол умрат бубахшад, то бибинӣ дигар ононе, ки шеър ба лаб доранду меҳр дар дил ва ишқ вуҷудашонро дар оташ месӯзад, ба дунё намеоянд. Ва ҳам ишқ ба ҳасрат ин шаҳри бас ҷавону сабзро тарк мегӯяд. Он гоҳ пирӣ аз номи марг дари хонаҳоятонро мекуӯбад ва бо тарс дарро ба рӯяш мекушоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё