Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гўянд: Дар шаби охир, ки бемории Мавлоно сахт шуда буд, хешону пайвастагон изтироби азим доштанд ва Султонвалад – фарзанди Мавлоно ҳар дам бетобона ба сари падар меомад ва боз таҳаммули он ҳолат накарда, аз ҳуҷра берун мерафт. Ў ин ғазали шўрангезро дар он вақт назм фармуд ва ин охирин ғазалест, ки Мавлоно сурудааст:

Рав, сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун,

Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун.

Моему мавҷи савдо, шаб то ба рўз танҳо,

Хоҳӣ ба мо бибахшо, хоҳӣ бирав раҳо кун.

Аз ман гурез, то ту ҳам дар бало наафтӣ,

Бигзин раҳи саломат, тарки раҳи бало кун.

Моему оби дида, дар кунҷи ғам хазида,

Бар оби дидаи мо сад ҷўйи осиё кун.

Хиракушест моро, дорад диле чу хоро,

Бикшад, касаш нагўяд, тадбири хунбаҳо кун.

Бар шоҳи хубрўён воҷиб вафо набошад,

Ай зардрўйи ошиқ, ту сабр кун, вафо кун.

Дардест ғайри мурдан, к-ўро даво набошад,

Пас ман чӣ гуна гўям, к-он дардро даво кун?!

Дар хоб дўш пире дар кўйи ишқ дидам,

Бо даст ишоратам кард, ки азм сўйи мо кун.

Аҳли Қунияи Рум аз хурду бузург дар ҷанозаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳозир шуданд ва насрониёну яҳудиён ва пайравони дигар динҳо низ, ки бузургӣ, сулҳҷўйӣ ва некхоҳии вайро озмуда буданд, бо ҳамдардии мусалмонон шевану афғон мекарданд.

Дар маросими ҷанозаи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳазорон нафар ширкат намуданд ва Шайх Садруддин бар наъши мубораки эшон намоз гузориду аз шиддати бехудиву дард шаҳқае бизаду аз ҳуш бирафт.

Тобути Мавлоноро бо ҳурмати тамом баргирифтанду наъши мутаҳҳарашро дар турбати муборак, дар паҳлуи қабри падари бузургвораш Султонулуламо Баҳоуддинвалад мадфун сохтанд ва қозӣ Сироҷуддин дар назди турбати ҳазрати Мавлоно ин абёти ҷонсўзро бархонд ва фиғон аз қалби пурсўзи мардум баромад:

Кош он рўз, ки дар пойи ту шуд хори аҷал,

Дасти гетӣ бизадӣ теғи ҳалокам бар сар.

То дар ин рўз ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,

Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.

Ва муддати чиҳил шабонарўз ёрону пайвандон, шогирдону муридон ва умуман мардуми Қунияи Рум таъзияти Мавлоно медоштанду нолаву гиря мекарданд ва бар фавти он саодати осмонӣ дареғу ҳасрат мехўрданд ва бузургиву ахлоқи поки ўро ба забон меоварданд. Бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ пеш аз вафоташ марсияи ҷонсўзе гуфта, ёронашро бо чунин абёт дилбардорӣ кардааст:

Ба рўзи марг чу тобути ман равон бошад,

Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад.

Барои ман магирию магў: дареғ, дареғ,

Ба доми дев дарафтӣ, дареғ он бошад.

Ҷанозаам чу бибинӣ, магў: фироқ, фироқ,

Маро висолу мулоқот он замон бошад.

Маро ба гўр супурдӣ, магў: видоъ, видоъ,

Ки гўр пардаи ҷамъияти ҷинон бошад.

Фурў шудан чу бидидӣ, баромадан бингар,

Ғуруби шамсу қамарро чаро зиён бошад.

Кадом дона фурў рафт дар замин, ки наруст,

Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад?

Туро чунон бинамояд, ки ман ба хок шудам,

Ба зери пойи ман ин ҳафт осмон бошад.

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхии Вахшонӣ мутахаллис ба Румӣ аз зумраи бузургтарин мутафаккирону донишмандони исломӣ ва намояндаи бузурги адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад ва дар таърихи тамаддуни ҷаҳон мақоми баландеро ишғол менамояд. Беш аз ҳаштсад сол мешавад, ки андешаҳои баландпарвози ў қалби ҳазорон нафар сокинони дунёро тасхир месозанд. Гўё пири хирадманд Мавлонои Рум дар даст чароғи ирфону маърифат дар ҷустуҷўйи Инсони комил аст, кўй ба кўй, гузар ба гузар, кўча ба кўча, деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр, кишвар ба кишвар мегардад, паёми ойини Ҳақ, озодию озодандешӣ, сулҳу сафо, баробариву бародариро ба мардум мерасонад, то ки онҳо худро ва саранҷом офарандаи хеш Худованди мутаъолро бишиносанду ба камол бирасанд ва саодати ҳар ду ҷаҳонро ба даст биоваранд. Ба қавли худи Мавлоно:

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

3-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами дастонам орзуст.

Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо

Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст…

Тайи чанд соли охир осори пурарзиши ин намояндаи адабиёти форсу тоҷик ба мамолики Ғарб, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳ ёфта, дар дили ҳазорон нафар мардуми гуногуннажоду мухталифзабон ва маънавиятҷўи ин сарзамин маъво мегузорад. Хабаргузории сайти «Донишҷўёни эронӣ»-и пойгоҳи интернетии Вазорати умури хориҷаи ИМА иттилоъ медиҳад, ки алҳол Мавлоно Румӣ дар кишвари Амрико маҳбубтарин шоир ба шумор меравад. Ҳам акнун маҳфилҳои дарсӣ марбут ба осори ў дар тамоми нуқоти ин кишвар вуҷуд доранд ва ин дар ҳоле аст, ки як даҳсола пеш камтар касе ўро мешинохт. Баррасиву суханрониҳо, мутолиаи осори ў дар бахшҳои фарҳангӣ, матолиби зиёде аз аҳвол ва осори вай дар саҳифаҳои рўзнома ва маҷаллаҳои ҳама шаҳрҳои бузурги Амрико ба нашр мерасанд. Гурўҳе аз кормандони телевизиони ин кишвар барномаи ҷолиберо роҷеъ ба зиндагинома ва осори ў сабт карда, ба маърази намоиши миллионҳо тамошобин гузоштаанд. Ин ҳама рўйдодҳои фарҳангии марбути Румӣ нишондиҳандаи баланди маҳбубияти ў дар Амрико ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ қайд мекунад, ки таваҷҷўҳи ҷомеаи Амрико рўз то рўз ва сол ба сол ба шахсият ва осори пурарзиши Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ зиёд мегардад ва бо баёни матолиби боло чунин меафзояд:

Дар ҳақиқат, ин шоири шаҳир ба ҳеҷ ваҷҳ амрикоӣ нест. Амрикоиҳо ҳам наметавонанд чеҳраи ўро ба таври зинда дар толорҳо, хиёбону гулгаштҳо ва ё дар барномаҳои телевизионӣ бубинанд. Зеро вай беш аз ҳафтсад сол пеш аз ин даргузаштааст ва агар номи ў муддати замони кўтоҳест, ки дар Амрико ба номи ошно табдил ёфта бошад, тоҷикон, эрониён ва дигар мардумони форсизабони ҷаҳон қарнҳои зиёдест, ки вайро хеле хуб мешиносанд ва аз осори пурарзиши ў баҳраҳо мебардоранд. Ному насаби аслии ў Ҷалолиддини Балхист ва ў дар Амрико бо нисбаи Румӣ бештар шуҳрат дорад.

Тибқи маълумоти чандин сарчашмаҳои муҳим ва муътамад дар ИМА китобҳои Мавлоно Румӣ тайи даҳ соли охир беш аз осори ҳар шоири дигаре дар ин кишвар ба фурўш расидааст. Таъсиси сайти махсус таҳти унвони «Румӣ» дар шабакаи интернетӣ дар як муддати кўтоҳ беш аз як миллион нафар амрикоиҳоро ба худ ҷалб намуда ва онҳо аз матолиби он истифода бурданд.

Ному тасвири Мавлоно Румӣ дар китобҳо, лавҳаҳо, тақвимҳо, дуконҳои китобфурўшӣ, маҷаллаву рўзно23 маҳо, мактабу донишгоҳҳои саросари Амрико хеле зиёд ба назар мерасад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсият ва осори ин мутафаккири бузурги тоҷик торафт дар кишвари он тарафи уқёнус нуфуз пайдо намуда, мақом ва манзалати волоеро касб мекунад.

Дар гузориши интернетии мазкур омадааст, ки теъдоде аз коршиносон ва пажўҳишгарон бар он боваранд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ пас аз ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001-ум нақши муҳиммеро байни ҷомеаи Амрико ва ҷаҳони ислом мебозад.

Миллионҳо мардуми ғайримусалмон баъди ошноӣ пайдо кардан бо осор ва афкори ин мутафаккири бузурги исломӣ бовар ҳосил мекунанд, ки пайравони ин дини мубин, дорои тамаддуни олӣ ва афкори башардўстӣ ҳеҷ гоҳ даст ба чунин ҷинояти мудҳиш – амалиёти террористӣ намезананд. Бинобар ин, асли ҳодисаро ҷустуҷў намуда, дармеёбанд, ки ин ҳама дасиса ва тавтиаҳо кори душманону бадхоҳон аст. Мавлоно Румӣ дар ашъори худ ғояҳои дўстиву бародарӣ, ваҳдату баробарии ҳамаи қавму миллатҳоро новобаста ба нажод ва забону фарҳанги мухталиф тарғиб намуда, мефармояд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Ё ин ки:

Ҳарфи бадро бар забон бурдан хатост,

Кофиру муъмин ҳама халқи Худост.

пешина
аз 47
навбатӣ