МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
Баъди ин мулоқот бори дигар китоби «Ҷалолиддини Румӣ»-и Радий Фишро мутолиа кардам ва қарор додам, ки дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ мақолае нависам. Хушбахтона, «Девони кабир»-и Ҷалолиддини Румиро дарёфт кардам, ки дар Эрон нашр гардида буд. Муаллифи пешгуфтори ин китоби арзишманд донишманди маъруфи эронӣ доктор Бадеъуззамон Фурўзонфар, ки беш аз чиҳил соли ҳаёти худро ба таҳқиқи зиндагӣ ва осори Ҷалолиддини Румӣ бахшидааст, қайд мекунад, ки Мавлоно на аз Рум, на аз Балхи Афғонистон, балки аз сарзамини Вахши Тоҷикистон аст. Банда дар асоси гуфтаҳои доктор Фурўзонфар ва Радий Фиш мақолае навишта, дар рўзномаи вилоятии «Навиди Вахш» чоп кардам, вале, мутаассифона, дар ин бобат дар даврони шўравӣ гўши суханшунав ва дидаи эътибор набуд.
Боиси хурсандию ифтихор аст, ки тайи даврони Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия сафари расмӣ анҷом доданд ва зимни сафар турбати Мавлоно Румиро дар шаҳри Қуния зиёрат намуданд. Маҳз бо пешниҳод ва ташаббуси фарҳангдўстона ва наҷиби Сарвари давлатамон моҳи сентябри соли 2007 800- солагии зодрўзи шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар кишварҳои Туркия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бо шукўҳ таҷлил карда шуд. Ин санаи муҳим ва фархунда дар тамоми нуқоти олам бо қарори Юнеско таҷлил гардид.
Ин ҷо мехоҳем, ки бори дигар бо овардани далелу бурҳони илмию таърихӣ зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ будани водии зарнисори Вахши Тоҷикистонро таъйид ва таъкид намоем.
Бояд гуфт, ки Вахшонзамин таърихи хеле ғанӣ ва бостонӣ дорад. Агар иҷмолан ба таърихи ин сарзамин нигарем, возеҳу равшан дида метавонем, ки ин пораи хоки аҷдодии тоҷикон саҳифаҳои рангин, фоҷеаомезу пурифтихореро дорост.
Бояд гуфт, ки дар байни мардум ақидаи нодурусте роиҷ аст, ки гўё водии имрўзаи зарнисори Вахш дар гузашта, яъне то Инқилоби Бухоро як мавзеи ноободу касногузар, ақибмондаву камаҳолӣ, найзору ботлоқзор буд ва танҳо дар солҳои сиюми қарни бист, яъне даврони шўравӣ обёриву обод ва ба макони «тиллои сафед» ва дигар анвои зироату меваҷоти шаҳдбор табдил дода шуд.
Оё чунин пиндор ва андеша ҳақиқати илмиву таърихӣ дорад? Беҳтараш, барои ба ин суолҳо посухи дақиқ пайдо кардан, саҳифаҳои таърихи ин водии зарнисорро лаҳзае варақ занем. Нахуст бояд дар бораи номи ин сарзамин сухан ронд, ки он кай пайдо шудааст ва чӣ маъно ва мафҳумро ифода мекунад. Ба ақидаи олимони таърихшинос ва забоншинос калимаи «Вахш» вожаи сирф форсии тоҷикӣ буда, дар замонҳои хеле қадим пайдо шудааст.
Нахустин муҳаққиқе, ки маънои калимаи мазкурро дар қарни бистум ҷустуҷў карда, шарҳ додааст, устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ мебошад. Ў дар рисолаи илмии худ «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» қайд кардааст, ки ин шоири маъруфи ҷаҳонгард водии Вахши тоҷиконро низ саёҳат карда будааст. Шайх Саъдии Шерозӣ дар яке аз ҳикояҳои «Бўстон» аз мулки Вахш ёдовар шудааст:
Шунидам, ки дар хоки Вахш аз меҳон
Яке буд дар кунҷи хилват ниҳон.
Шунидам, ки бигрист донои Вахш,
Ки, ё Раб, мар ин мардро ту бибахш.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар солҳои сиюму чилуми қарни бист бархе адибон номи водӣ ва рўди Вахшро шакли вайроншудаи «ваҳш»-и арабӣ мепиндоштанд ва маънидод мекарданд.Тибқи ин пиндори ғалат, гўё ин сарзамин аз замонҳои қадим нообод буд, аз ин рў, онро чун макони вуҳуш – «Ваҳш» номиданд ва рафта–рафта ба «Вахш» табдил ёфт.
Устод Садриддин Айнӣ дар тавзеҳи ду байти мазкури Шайх Саъдии Шерозӣ ин ақидаи ғалатро рад намуда, дар рисолаи номбурдааш чунин менависад:
«Баъзе шарқшиносон калимаи «вахш»-ро вайроншудаи калимаи «ваҳшӣ»-и арабӣ фаҳмида, бо як эзоҳи хато вайро «ваҳшӣ» маънидод мекунанд. Дар ҳақиқат, «вахш» калимаи тоҷикии қадим – суғдӣ буда, маънояш «ибтидо» ва «оғоз» аст, ҳам номи шаҳрест дар канори оби Вахш, ки аз ҳама ободониҳои ин сарзамин пештар ва аввалтар бино ёфта буд. Ин шеъри Саъдӣ ҳам ҳаминро тасдиқ мекунад, чунки Саъдӣ дар ин шеър аввалан «хоки Вахш» гуфтааст, ки «мамлакати Вахш» гуфтан аст, дуюм, ў ин калимаро бо «бахш» ҳамқофия карда, ба «ваҳшхонон» ҳеҷ роҳ нагузоштааст».
Академик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ «Тоҷикон» калимаи «Вахш»-ро чунин шарҳ додааст:
«Охшо», «Оахшо», шубҳае нест, ки ин калима аз вожаи эронии «вахшу» бармеояд. Ба авестоӣ «вахш» «гапи гуфта» буда, дар суғдӣ ба маънои «логос» меояд. Дар забонҳои миёнаи эронӣ ин калима «рўҳе»-ро ифода мекард, ки баъзан ба оби ҷорӣ алоқаманд мебошад. Дар маъхазҳои ҳиндӣ «вахшу»-ро бо номи «Оксус» медонистанд. Дар ибтидои қарни XI Абўрайҳони Берунӣ хабар медиҳад, ки хоразмиён «Вахшҳангом» ном ҷашне доранд ва илова мекунад «Вахш» номи фариштаест нозири дарё, аз ҷумла рўди Ҷайҳун». Дар давраи баъдинаи асрҳои миёна ва дар рўзҳои мо номи қадимаи рўди Ому фақат дар шохоби Панҷи Амударё, яъне фақат дар номи рўди Вахш боқӣ монд, вале худи ҳамин далели он аст, ки маҳз дар ҳамин ҷо, дар ҷануби Тоҷикистон эътиқод ба руҳи парастори оби наҳрҳо – Оахшо (Вахш) махсусан пойдор мондааст».
Ногуфта намонад, ки номи рўд ва мавзеи кунунии Ёхсу низ аз вожаи «вахш» бармеояд. «Охшо» ё «Вахш» оҳиста-оҳиста ба тарзи «Охсу» ё худ «Ёхсу» табдил ёфтааст ва ба ибораи туркии «Оқсу» («Оби сафед») робитае надорад, зеро дар саргаҳи рўди Ёхсу деҳае ҳаст бо номи «Яхшо», ки бори дигар ба решаи «Вахш» доштани ин номи ҷуғрофӣ далолат мекунад. Ноҳияи Файзободи имрўзаи Тоҷикистон дар замонҳои қадим «Вашгирд» ном дошт. Ба андешаи инҷониб, ҷузъи «Ваш» шакли кўтоҳгардидаи калимаи «Вахш» аст ва «гирд» ба маънои шаҳр аст (калимаи «град»-и русӣ низ бо вожаи «гирд»-и форсӣ ҳамреша аст ва дар замонҳои қадим дар Эронзамин бо чунин ҷузъи номӣ шаҳрҳо хеле зиёд буданд, ба мисли Сиёвушгирд ва ғайра), яъне, бо итмонони комил гуфта метавонем, ки Вашгирди бостонӣ ҳамон Вахшгирд–шаҳри Вахш аст, ки дар лаби рўди ҳамноми худ бунёд ёфта буд.
Дар сарчашмаҳои баъдиисломӣ ном ва мулки Вахш борҳо зикр гардидааст. Аз ҷумла дар қадимтарин сарчашмаи ҷуғрофӣ ба забони форсии дарӣ – «Ҳудуд-улолам» (қарни даҳи милодӣ) дар чанд маврид дар бораи рўд, кўҳ ва мулки Вахш маълумоти пурарзиш дода шудааст: «Ва дигар рўдест, ки ўро Вахшоб хонанд, аз кўҳи Вахш биравад ба наздикии Вахш, ба Ҷайҳун афтад». Дар боби «Сухан андар ноҳияти ҳудуди Мовароуннаҳр ва шаҳрҳои вай» роҷеъ ба шаҳрҳо, сокинони диловар ва тирандозу ҷангии онҳо чунин гуфта шудааст: «Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бокишту барз ва рустоҳои бисёр ва мардуми тирандозу ҷангӣ. Леваканд аз Вахш аст, ҷоест, ки аз вай гўспанди вахшӣ хезад».
Ба гуфти олими бостоншинос, доктори улуми таърих В.С. Соловёв шаҳри Леваканд ё худ Левканд дар ҷойи имрўзаи маркази вилояти Хатлон–шаҳри Қўрғонтеппа воқеъ гардида буд, ки аз он танҳо ёдгории таърихии Теппаи Қўрғон боқӣ мондаасту бас, вале академик В.В.Бартолд ақидаи дигар дорад, ки шаҳри Левканд ё Леваканд дар наздикии деҳаи Сангтўдаи лаби рўди Вахш ҷойгир буд. Шояд шаҳри Қўрғонтеппа ҳамон шаҳри қадимаи Вахш аст ва мебояд, ки дар оянда номи аслии он барқарор карда шавад, вале ин қазияи илмӣ то ба ҳол ба таври ниҳоӣ ҳал нашудааст, бинобар ин, дар тағйир додани номи шаҳри Қўрғонтеппа набояд шитоб кард. Бояд гуфт, ки номи шаҳри Қўрғонтеппа ҳам беш аз сесад сол таърих дорад ва асли он ҳам ориёист, на туркӣ. Калимаи «қўрғон» ҳамон вожаи «кургон» аст, ки аз забонҳои қадими эронӣ ба забонҳои туркӣ гузаштааст ва дар забони русӣ дар шакли «курган» роиҷ аст.
Дар Эрон шаҳрест бо номи Гургон, ки решааш ҳамон калимаи «кургон» аст, ки маънои диж ва қалъаро ифода мекунад. Калимаи «теппа» низ сирф калимаи тоҷикист.
Алҳол дар болои теппаи ин шаҳри бостонӣ осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қўрғонтеппа ҷойгир аст. Ҳаловард маркази мулки асримиёнагии Вахш буда, дар наздикии маркази ноҳияи Колхозобод (ҳоло ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) воқеъ гардида буд ва харобаҳои он бо номи Кофирқалъа дар байни мардум ва маъхазҳои илми бостоншиносӣ роиҷ аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё