Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҷодаи тарҷума ва густариши осори гаронбаҳои Мавлоно Румӣ шоири олмонинажоди амрикоӣ Ҳанс Моинк саҳми бузург гузоштааст. Ў зимни мусоҳиба ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки тарҷумаи осори Мавлоно Ҷалолиддин ба таври тасодуфӣ сурат гирифтааст. Бори нахуст осори Румиро нависандаи амрикоӣ Роберт Болай соли 1972 ба забони англисӣ ва ба тариқи наср тарҷума намуда, ба чоп расонида буд, вале он чандон маъруфият пайдо накард, зеро сабки тарҷума душвору мураккаб анҷом гирифта буд. Рўзе тасодуфан ин мутарҷим ба Ҳанс Моинк вохўрда, як нусхаи китоби тарҷумакардаи хешро ба вай тақдим мекунад. Ин шоири номвари амрикоӣ баъди хондани китоб ба ваҷд омада мегўяд: «Ин ашъор бояд аз қафасҳояшон озод шаванд» ва ў бо камоли шавқу завқ ба баргардони ашъори баландмазмуни ин шоири бузурги ирфонӣ ба тариқи назм пардохт ва ниҳоят китоби Румиро ба чоп расонид ва дере нагузашта дар байни мардуми андешапарвари Амрико шуҳрати беандоза пайдо кард.

Шоири дигаре, ки дар тарҷума ва тарғиби ашъори безаволи Мавлоно Румӣ нақши бузург бозидааст, Климан Боркс мебошад. Муваффақият ва комёбии намоёни тарғиби шахсият ва осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳамин фаъолияти ин шоири номдор ва боистеъдоди амрикоӣ марбут аст. Китоби таълифнамудаи ў бо номи «Румӣ» беш аз ҳар рўйдоди дигаре боиси зуҳури барқовари алоқа ва дилбастагии мардуми Амрико ба шахсият ва осори ин шоири нобиғаи форсизабон гардид,–чунин ақида доранд коршиносон ва пажўҳишгарони афкори ҷомеаи ИМА. Климан Боркс изҳор намудааст, ки ният дорад ба зодгоҳи Ҷалолиддини Румӣ – шаҳри Балх сафар намояд ва дар он ҷо маҳфилҳои румихониро барпо намояд ва ашъори ин мутафаккири бузурги исломӣ ҳам ба забони асл – форсии тоҷикӣ ва ҳам ба забони тарҷума – англисӣ садо диҳад, то ки ҳазорон мардум аз ин баҳри бекарони маърифат ва ирфони Ҷалолиддини Балхӣ мутахаллис ба Мавлоно Румӣ баҳраи маънавӣ бардоранд.

Хабаргузории мазкур дар охири гузориши худ менависад: «Ин ҳисси кунҷковию шавқу завқи беандоза, майл ба таҷрибаандўзӣ ва дарки афкору ақидаҳои пешқадам, озодандешию муборизахоҳӣ, маърифатпарварию инсондўстӣ, тарғиби ғояҳои бародариву баробарӣ аз хислатҳои муштараки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Климан Боркс мебошанд ва ин ду инсони мутафовит ва дорои фарҳанги гуногунро ба якдигар васл ва пайванд сохтааст».

Оре, рисолати боло ва волои Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхии Вахшонӣ низ аз ҳамин иборат аст, ки худ барҳақ фармуда:

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Қайд кардан лозим аст, ки асари «Маснавии маънавӣ» ҳикояву қиссаҳои зиёдеро дар бар мегирад.

Ҳамаи ин достонҳо аз ҷониби муаллиф чун тамсил истифода бурда шудаанд ва ҳар кадоми онҳо бори зиёди маънивию ирфониро ба дўш доранд. Мутафаккири бузург Мавлоно Румӣ барои тавзеҳу ифодаи марому мақсад ва ҳадафу ғояи худ аз таҷрибаи рўзгор ҳикояте оварда, сипас онро шарҳу тафсир додааст. Аз ин рў, ҳар як ҳикояву қиссаи ин асари бузург дар қаринаи матн ва афкори тасаввуфии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ арзиши аслии худро ифода мекунад.

Дар фарҷоми сухан бояд гуфт, ки нашри ҳикоёти манзуми «Маснавии маънавӣ» барои омўзгорону хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ каме душворӣ пеш меовард, зеро забони аслии асар азбаски классикӣ аст, дар дарки тарзи ифодаи фикр ва фаҳмиши вожаҳо хонандагон ба мушкилӣ мувоҷеҳ мегардиданд.

Боиси хурсандист, ки қиссаву ҳикоёти «Маснавии маънавӣ»-ро донишманд ва пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмади Нафисӣ бо услуби содаву оммафаҳм бозгўй намуда, онҳоро достон номидааст. Дар баробари ин, ў дар бозгўйи онҳо кўшиш ба харҷ додааст, ки сабки осори насрии классикии адабиёти форсу тоҷикро риоя намояд, ки дар натиҷа нигоштаҳои ин муҳаққиқи варзида хеле диловезу дилчасп гардидаанд. Ба ғайр аз ин, Аҳмади Нафисӣ барои боз ҳам огаҳии бештар пайдо кардани хонандагон ба афкори Мавлоно Румӣ дар ҷо-ҷойи бозгўйи достонҳо пораҳои манзумро аз «Маснавии маънавӣ» оварда, ба ин васила арзиши маънавию ҳунарии китоби худро беш аз пеш афзун намудааст.

Ҳамаи инро ба назари эътибор гирифта, салоҳ дониста шуд, ки достонҳои ин асари бузургро мунтахабан таҳияву тадвин намуда, барои хониши беруназсинфии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон ба нашр расонем.

Хулосаи калом, хонандагони нуктасанҷ аз мутолиаи достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ баҳраи зиёди маънавӣ ва ахлоқӣ мегиранд.

Қиёмиддин Сатторӣ,

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон

пешина
аз 47
навбатӣ