Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

баромад. Вай ба харгӯш савор шуда лаҷомро гардонд ва фарёдкунон давонда рафт.

Маълум шуд, ки шикорчӣ ба мамлакати аҷоибот афтода будааст, ки дар он ҷо одамҷаҳои абадзинда зиндагӣ мекардаанд. Онҳо дар ҷангал, дар зери замин зиндагӣ карда, ба харгӯшҳо савор мешуданд.

Одамҷаи харгӯшсавор шикорчиро банохост дида, харгӯшро ба сӯи ӯ гардонд ва ба ӯ дар бораи халқи худ ҳикоя кард. Маълум шуд, ки одамҷаҳо на касалиро медонанду на пириро, худашон намемиранд, вале онҳоро куштан мумкин. Масалан, ба наздикӣ самури сиёҳи чолоке ба як одамҷа ҳуҷум карда, гулӯи ӯро дарронда куштааст.

– Охир, ту шикорчии хуб ҳастӣ, қасоси моро бигир, он самури сиёҳро бикуш.

Шикорчӣ ба ҷустуҷӯи самури сиёҳ рафт ва ӯро ёфта кушт. Одамҷаҳо хурсанд шуда гуфтанд:

– Сипос, акнун мо ҳам ба ту некӣ мекунем. Ту ба хонаат баргашта, ба мо мунтазир шав. Мо шаби моҳи чордах, рӯзи понздаҳум, барои ту оби ҳаёт меорем.

Шикорчӣ ба хона баргашта, ба ҳамаи сокинони авулаш дар бораи он мамлакати аҷоибе, ки одамҷаҳои абадзинда умр ба сар мебаранд ва онҳо рӯзи понздаҳум, ки моҳ пурра мешавад, ба хонаи ӯ ба меҳмонӣ омаданиянду ҳамроҳашон оби ҳаёт мебиёранд, нақл кард.

Занҳо ҳезум шикаста, барои қабул кардани меҳмонон тайёрӣ медиданд.

Як рӯз онҳо диданд, ки чӣ тавр одамҷаҳои савори харгӯшҷаҳои хокистарранг аз ҷангал баромада, омада истодаанд. Занҳо якбора қоҳ-қоҳзанон хандиданд.

– Ана меҳмонҳо! Улавашонро бинед-а! Худашон ҳам аз улавашон мондани надоранд!

Одамҷаҳо ранҷиданд.

– Ба ин одамони нодон оби ҳаёт намедиҳем, – гуфтанд онҳо.

Ва оби ҳаётро ба дарахтони арча, кедр ва санавбар пошиданд. Баъд харгӯшҷаҳояшонро ба қафо гардонда,

пешина
аз 200
навбатӣ