Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
– Ман Алтрапка ном як саги хубе доштам. Келинам ӯро зада кушт. Мехоҳам, ки сагамро чун одам дар гӯристон гӯр кунам. Ба назди поп рафта будам, вай мегӯяд, ки иҷозати шумо даркор.
Урядник дод зад:
– Ту, мӯйсафед, ақлатро хӯрдаӣ! Кӣ ба ту ин хел иҷозат медиҳад? Ин хел қонуне нест, ки саг дар қабристон гӯр карда шавад.
– Қаҳрат набиёяд, – гуфт ба ӯ Федот. – Алтрапкаи ман саги бадавлате буд. Вай ба ту як тилло васият кардааст.
– Ин ҷо деҳ он тиллоро! – гуфт урядник.
– Ма, бигир.
Урядник тиллоро ба киса андохта гуфт:
– Ихтиёр дар дасти ман мешуд, иҷозат медодам. Ман ҳақ надорам. Бояд ба назди пристав биравӣ.
Федот ба назди пристав рафта ҳамаашро нақл кард. Пристав аз ҷояш ҷаҳида хесту пойҳояшро ба замин кӯфта фарёд кард:
– Бо кадом кор ба назди ман омадӣ, бекалла. Ту мастӣ, ё девона? Ҳой, гиред ин мӯйсафеди мастро зиндон кунед, то ки дафъаи дигар ақлашро кор фармояд.
– Дар ғазаб нашав, ҷаноб, – гуфт Федот, – мана ин панҷ тангаи тиллоро Алтрапка ба ту мерос гузоштааст. Дар вақти зинда буданаш васият карда буд.
Пристав чанг зада пулро ба киса андохту як варақаро гирифта пурсид:
– Сагча чӣ ном дошт?
– Алтрапка.
Пристав чунин навишт: «Иҷозат медиҳам, ки Алтрапка, чи тавре ки соҳибаш Федот мехоҳад, гӯр карда шавад». Баъд имзо карда муҳр гузошт. Коғазро ба Федот супорид. Федот онро ба поп бурд.
Поп гуфт:
– Дар хона тобуте сохта сарпӯшашро мехкӯб кун, то касе пай набарад, ки сагро гӯр мекунем.
1 Пристав – Сардори политсияи участка.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё