Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Фаҳмидан мумкин, ки гург чандсола шудааст? Рӯбоҳи сисола, палангӣ чилсола, саги панҷоҳсола, шутури шастсола! Магар ин ҳайвонҳо то ин синну сол зиндагӣ мекунанд? Агар то ин синну сол зиндагӣ кунанд ҳам, аз куҷо фаҳмидан мумкин, ки онҳо чандсола шудаанд?
Писари хон бошад, кӯча ба кӯча гашта бо тамоми овоз фарёд мекард:
— Гурги бистсола мехарам! Рӯбоҳи сисола мехарам!..
Дар назди як хона духтаре менишаст. Вай овози ҷавонро шунида пурсид:
— Ҳой, ҷавон, чӣ ин қадар фарёд мезанӣ? Ба ту чӣ даркор?
Писари хон супориши падарашро нақл карда дод.
Духтар гуфт:
— Падарат ақлу фаросати туро санҷиданӣ шудааст. Бидон, ки бузғолаи даҳсола ин писарбачаи даҳсола аст. Вай монандӣ бузғола беқарор буда, доим ҷастухез мекунад. Гурги бистсола ҷавонмарди бистсола аст. Ӯ ташнаи орзуву ҳавасҳои бисёр ва монанди гург гурусна аст. Рӯбоҳи сисола — марди сисола аст. Дар ин синну сол ақлаш расо мегардад ва ҳамчун рӯбоҳ донову маккор мешавад. Паланги чилсола — марди чилсола аст. Дар синни чилсолагӣ қуввату ғайрати мард ба камол мерасад ва ба паланги тавоное монанд мешавад. Саги панҷоҳсола — одами панҷоҳсола аст. Дар ин синну сол бисёр чизу чора ҷамъ карда, онро мисли саг посбонӣ мекунад. Шутури шастсола одами шастсолаест, ки чашмонаш хира мешаванд ва ӯро мисли шутур нухта карда бурдан даркор.
Писари хон пас аз шунидани ин суханҳои духтар ба хона баргашт.
— Чӣ тавр, он чизҳои ман фармударо ёфтӣ? — пурсид хон аз писараш.
— Бале, падар, ёфтам! — ва писар он чизеро, ки аз духтар шунида буд, як ба як ба падараш нақл карда дод.
— Инро худат ёфтӣ, ё касе ба ту ёрӣ дод?
— Не, падар, худам не, як духтар ҳамаашро ба ман маънидод карда дод.
— Он духтар духтари оқила будааст, бигузор вай зани ту шавад, — гуфт хони пир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё