Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

– Бисёр мехостам, аммо кампир дар хона танҳост. Узр, ки
имрӯз наметавонам. Боз ба наздат меоям.
– Афсӯс, афсӯс. Хайр чӣ илоҷ. Камтар сабр кун, ман ба ту
туҳфа тайёр кардаам.
Гунҷишк рафта, зуд бо ду сабад баргашт.
– Ана, мӯсафед, ду сабад: яктоаш вазнин, дигараш сабук.
Кадомашеро интихоб кунӣ!
– Ой, ту чӣ зиёфат кардӣ ва боз туҳфа ҳам медиҳӣ…
Хайр, мегирам, лекин роҳ дур асту ман пир. Беҳтараш сабукашро мегирам.
Мӯсафед сабади сабукро ба китфаш партофта, бо
гунҷишкҳо хайрухуш кард.
– Худо ҳофиз. Ман боз ба диданатон меоям.
– Ҳатман! Мунтазир мешавем! Худатро эҳтиёт кун... –
Ҳамин тавр гунҷишкҳо мӯсафедро то дами дарвоза гусел
карданд.
Кампир дар хона танҳо нишаста, ба хашм омада буд.
Офтоб ғуруб кард, аммо аз мӯсафед дараке нест.
– Ин мӯсафед куҷо гум шуд? – ғур-ғур мекард кампир.
Ниҳоят мӯсафед сабад дар китфаш пайдо шуд.
– То ин вақт дар куҷо гум шудӣ?
– Қаҳр накун кампир! Ман дар меҳмонии гунҷишкон будам. Ваҳ, маро чунон меҳмондорӣ карданд, ки…! Рақсу сурудашонро намегӯӣ?! Ба замми ин боз ба ман туҳфа доданд,
инро бин.
Мӯсафед сабадро аз китфаш ба замин гузошт. Кампир сабадро дида, хурсандона табассум кард.
– О-о, чӣ хел нағз! Сабад чӣ дошта бошад? Даҳони сабадро кушода, қариб аз ҳуш рафта буд. Он пур аз ҷавоҳирот
буд: тило, нуқра, марҷону гавҳар медурахшиданд ва чашмро
хира мекарданд. Мӯсафед хурсанд шуд.
– Медонӣ, – гуфт ӯ ба кампир, – гунҷишк ба ман ду сабад:
яке вазнин ва дигараш сабук дода гуфт, ки кадомашеро интихоб кунӣ. Ман дурии роҳ ва пири камқувват буданамро ба назар гирифта, сабукашро гирифтам.

пешина
аз 29
навбатӣ