АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Ҳатто намедонистам,
ки дар он чунин чизҳои қиматанд.
Кампир ба хашм омад:
– Эҳ ту, пири беақл! Чаро сабади вазнинро нагирифтӣ?
Албатта, дар он зару зевари бисёртар буд.
– Ин қадар чашмгурусна нашав, кампир. Ба мо ҳамин
қадараш ҳам кифоят.
– Ба чӣ кифоят мекунад? Э, ба ту гуфтан чию нагуфтан
чӣ! Ҳозир худам рафта, сабади вазнинро меорам.
Мӯсафед кӯшиш кард, ки кампирро аз роҳаш гардонад,
аммо вай ҳатто субҳро интизор нашуда, шабона ба роҳ баромад. Шаб тамоман торик буд. Кампир ба саҳро баромада,
асо дар даст фарёд мекард:
– Гунҷишкаки забонбурида, ту дар куҷоӣ? Овоз барор!
Хонаи ту куҷост?
Ӯ аз майдон гузашта, кӯҳеро низ пушти сар кард. Боз як
майдону як кӯҳи дигарро гузашт. Саранҷом ба ҷое расид, ки
хайзурон (бамбук) рӯйида буд. Ӯ садоеро шунида худ ба худ
гуфт:
– Гунҷишки забонбурида дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад!
Охираш ёфтам! – фикр кард кампир. Ӯ ба тарафи овоз рафта,
дар назди дарвоза гунҷишки забонбуридаро дид.
– А-а, ин ту ҳастӣ кампир! Хуш омадӣ, – гуфта, гунҷишк
кампирро ба хона даровард.
Гунҷишк мехост, ки кампирро меҳмондорӣ кунад, аммо ӯ
хоҳиши гунҷишкро рад карда, гуфт:
– Не, дидам, ки ту саломат ҳастӣ. Дигар дар ин ҷо кор
надорам. Беҳтараш зудтар сабади туҳфаҳоро деҳ, ба хонаам
бармегардам.
«Оҳ, охир ту чунин чашмгуруснаӣ», – аз дил гузаронд
гунҷишк.
Кампир бошад бо саросемагӣ дод мезад:
– Тезтар, зуд бош!
– Ҳозир, ҳозир меорам! Камтар сабр кун, – гуфт гунҷишк
ва ду сабад дар даст бозгашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё