МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
БОБИ 2
ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ НИҲОДҲОИ ОМЎЗИШӢ ВА МУНОСИБАТИ РУҲОНИЁН БА ОНҲО ДАР АСАРҲОИ В.В. БАРТОЛД ВА А.А. СЕМЕНОВ
2.1.Инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишии Варазруд дар осори академик В.В. Бартолд
Академик В.В. Бартолд аз зумраи он олимони шинохтаи ҷаҳонист, ки умри хешро сарфи омўзиши таъриху фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна намудааст. Аз 502 асару мақолаҳои олим зиёда аз 480-тои он ба таърихи Осиёи Миёна бахшида шудааст. Омили асосии ба омўзиши таърихи Осиёи Миёна машғул шудани худро В. Бартолд пеш аз ҳама аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва таърихӣ наздик будани минтақа ба Россия донистааст. Осиёи Миёна, ба ақидаи ў, барои шарқшинос – таърихчии рус бештар наздик аст ва дар ин ҷо зиёдтар маводу манбаъ пайдо мегардад, ки онҳо ба шарқшиносони аврупоӣ дастнорасанд [15,789-790].
Аз тарафи дигар, рў ба таърихи Шарқ овардани В. Бартолд натиҷаи ташаккули мактаби мустақили таъриху шарқшиносии рус дар нимаи дуюми садаи XIX низ мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин давра, омўзиш ва таҳлили як қатор осори хаттии форсию тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ, маводҳои сиккашиносӣ аз ҷониби олимони шинохтаи рус боиси таъсису ташаккули мактаби мустақили шарқшиносии рус гардид, ки он дар ховаршиносии ҷаҳонӣ мақоми хоса ва пешсафро касб намуд.
Академик В. В. Бартолд ҳамчун муҳаққиқи асил баробари пажуҳиши дигар самтҳои таърихи Осиёи Миёна ба омўзиши таъриху фарҳанги он низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир
намудааст. Дар маркази пажўҳиши ин олими шинохта
таъсири фарҳангҳо мақоми вижа дорад. Ў аз ин нигоҳ ба
таҳқиқи таърихи ниҳодҳои омўзишӣ, муассисаҳои динӣ –
маърифатӣ ва ҷамъиятие, ки тавассути онҳо ташвиқу
тарғиби фарҳанг, мазҳабу оин ва урфу одате, ки ба ҳукми
анъана даромадааст, шуғл варзидааст.
В. В. Бартолд барои чун шохаи мустақили илми шарқшиносӣ ифтитоҳ ёфтани осиёимиёнашиносӣ, ё ба истилоҳ
«туркистоншиносӣ» ибтидо гузошта, дар ташаккули он
мақоми вижаро соҳиб аст. Истифодаи истилоҳи таърихию
ҷуғрофии «Туркистон» ба ҷои «Осиёи Миёна» ё «Осиёи
Марказӣ» маҳсули тафаккури В. Бартолд набуда, ба
андешаи худи ў дар асри XIX бо ташаббуси муҳаққиқони
англис ба ивази мафҳумҳои «Бухорои бузург» ва «Бухорои хурд» ба илм истилоҳи «Туркистони ғарбӣ» ва «Туркистони шарқӣ» ворид гардид [2,273], ки воқеан ба фаҳмиши воқеии ҷуғрофӣ пурра мувофиқат намекунад.
Бинобар ин ба андешаи инҷониб ба ҷои «Туркистон»
бештар истилоҳи «Осиёи Миёна»-ро мавриди истифода
бурдан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар тўли фаъолияти босамари худ В. Бартолд паҳлуҳои
гуногуни таърихи халқу давлатҳои Осиёи Миёнаро ба
риштаи таҳлилу таҳқиқ кашидааст. Аз ҷумла, дар доираи
омўзишу таҳқиқи таърихи фарҳанги минтақа академик В.
Бартолд ба таърихи ниҳодҳои омўзишӣ, пеш аз ҳама мактабу мадраса диққати ҷиддӣ додааст. Яке аз асарҳои
комил, ки бештар ба масоили умдаи таърих ва рушди
фарҳанги Осиёи Миёна, ба вижа халқи тоҷик бахшидаи
академик В. В. Бартолд «Таърихи ҳаёти фарҳангии Туркистон» мебошад. Асари мазкур бори нахуст соли 1927 нашр гардида, давоми мантиқии «Таърихи Туркистон» аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё