Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар он олим масоили гуногуни таърих ва инкишофи фарҳанг, бахусус таърихи мактабҳои маҳаллӣ ва таълиму тадрис дар асрҳои миёна ва қарни XIX, масъалаҳои динро мавриди пажуҳиши ҳаматарафа қарор додааст. Таҳқиқоти мазкур, дар қатори масоили умда, бештар ба таърихи пайдоиш, шарҳи маҳфумҳо ва истилоҳҳои иҷтимоию хоҷагидорӣ ва ҳаёти мадании Осиёи Миёна ва умуман шарқи исломӣ бахшида шудааст, ки имрўз низ онҳо арзиши илмии худро гум накардаанд.
Дар асари мазкур боби алоҳидае (VII) ба таърихи мактабҳои садаи XIX Осиёи Миёна бахшида шудааст, ки ин масъала дар дигар асарҳои В.В.Бартолд низ мавриди таваҷҷўҳи хосса қарор гирифтааст.
То паҳшавии ислом ва ҳатто пас аз истилои араб низ дар Эрон ва Осиёи Миёна мактаби ибтидоӣ, саводомўзиро дабиристон мегуфтанд. Ба ақидаи академик В.
Бартолд ин мафҳум аз зардуштия ба Эрон мерос монда, баъдан дар Осиёи Миёна паҳн шудааст. Дар маърўзаи худ «Вазифаҳои шарқшиносии рус дар Туркистон»
низ қайд менамояд, ки калимаи мактаб шакли форсишудаи «дабиристон» буда, дар Эрони тоисломӣ истифода мешуд ва аз он ҷо ба Осиёи Миёна ворид гашт ва он ҳатто дар асри XII низ ҳанўз мавриди истифода қарор дошт.
Академик В. Бартолд то охири умр тарафдори назарияи таъсири фарҳанг буда, далолат бар он дошт, ки мактаб маҳсули таъсири қисмати ғарбии олами Эрон ба қисмати шарқии он мебошад. Сабаби асосии дар давраи аввал пешрав будани Эрони ғарбиро дар наздик будани он ба маркази тамаддуни бобулӣ медонад [9,417]. Дар бораи мадраса, илм ва санъат В.

пешина
аз 142
навбатӣ