МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Бартолд дар аввал таъсири ҷиддӣ доштани Эрони Шарқиро ба Эрони Ғарбӣ таъқид кардааст. Вале ў сабаби пешқадам будани Эрони Шарқиро дар бархўрди он аз анъанаҳои давлати Юнону Бохтар, оини буддоӣ ва монӣ дидааст [2,222]. Дар ҳамин замина олим инчунин наздик будани Ҳиндустонро ба инобат гирифта, бартарии шаҳри Балхро ҳамчун маркази фарҳангӣ дар ибтидои давраи исломӣ бо далелҳо собит месозад. Тибқи хулосаи ў нахустин намояндагони хонадонҳои эронии Бармакиёну Сомониён чун эҳёгарони фарҳанги эронӣ на аз шаҳрҳоиФорси сосонӣ, балки аз Балх баромадаанд [2,222].
Мадраса низ ба ақидаи В. Бартолд ҳамчун мактаби олии исломӣ бори нахуст дар қисмати шарқии Эрон пайдо шудааст. «Таъсири буддоияро боз далели дигар метавонад тақвият диҳад, ки мактаби динии исломӣ (мадраса) бори нахуст дар Хуросон ва баъдан ин мактаб ба қисмати Осиёи Пеш паҳн мегардад» [10,372]. Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии мадраса ва умуман фарҳанги шарқиэрониро ба Ғарб В. Бартолд хизмати Салҷуқиён қаламдод кардааст. «Бо паҳншавии империяи Салҷуқиён паҳншавии таъсири фарҳанги шарқиэронӣ низ ба амал меояд» [11, 286]. Маҳз бо васеъшавии ин империя мадраса тадриҷан ба Байнаннаҳрайн, Сурия, Миср ва Африқои Шимолӣ паҳн мегардад [11, 286;8]. Аммо дар маърўзаи «Вазифаҳои шарқшиносии рус дар Туркистон» аз 29 декабри соли 1914 пешниҳод намудааст, ки шояд мадраса бо таъсири оини буддоӣ аввал дар Туркистон пайдо шуда, сипас ба дигар вилоятҳои исломӣ паҳн гардидааст [14,532]. Барои тақвияти фикр В. Бартолд онро асос менамояд, ки дар Туркистон баробари равияҳои дарвешии зери таъсири ҳаракатҳои динии Осиёи Ғарбӣ дар Бухорою Хоразм пайдо шуда, замоне равияи дарвешони маҳаллӣ дар Тирмиз, ки пештар яке аз марказҳои оини буддоӣ ба ҳисоб мерафт, мавҷуд будааст [14,532].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё