МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Аз рўи хулосаи олим бо паҳншавии буддоия оини зардуштӣ мавқеи худро аз даст надод ва маркази он шаҳри Бактура яке аз марказҳои асосии зардуштия ҳисоб меёфт ва аксари аҳолии маҳаллии бохтариҳо ба зардуштия эътиқод доштанд [17,123].
Масъалаи дигаре, ки диққати В. Бартолдро ба худ ҷалб кардааст, ин замони пайдоиши мадрасаҳо мебошад. Тибқи шарҳи ў мафҳуми паҳншудаи мадраса дар адабиёти то асри X, умуман истифода нашудааст [2,225]. Мидрас, Мидраш, Мадраш дар забони арабию ивритӣ ва суриёнӣ хеле пештар ба маънои макони таълими Қуръон, таълимот, шарҳи қонун ва ғайра, ҳатто пеш аз паҳншавии ислом мавриди истифода қарор доштанд. Мафҳуми мадраса бори нахуст дар «Таърихи Бухоро»-и А. Наршахӣ истифода шудааст, ки онро ҳангоми тасвири сўхтори соли 937
–и Бухоро дар бораи мадрасаи Форҷек ёдовар мешавад.
Ин маълумоти Наршахиро В. Бартолд асос намуда, менависад, ки шояд ин мафҳум дар қисмати шарқӣ то ин вақт истифода мешуд ва танҳо дар нимаи дуюми асри XI ба тарафи ғарб паҳн гардид [2,225].
Дар маркази хилофат шаҳри Бағдод аввалин мадраса бо ташаббуси вазири Салҷуқиён Низомулмулк дар нимаи дуюми асри XI сохтаю фаъолият намудааст [4,431].
Диққати академик В. В. Бартолдро заминаҳои таърихии пайдоиши мадрасаҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр низ ба худ ҷалб кардааст. Аз рўи ақидаи олим аввалин мадрасаҳоро на ҳакимону зимомдорони вақт, балки мухолифини онҳо бино намудаанд [2,225]. Ин хулосаро шарқшиносон Н.П. Остроумов [24,113-163], А.Метс [21,103] низ ҷонибдорӣ кардаанд. Ҳамин тариқ, ташкилкунандагони аввалин мадрасаҳо намояндагони шохаҳои гуногуни мазҳабии ислом будаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё