МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Мақсади асосии ташкил намудани мадрасаҳо аз нав эҳё кардани анъанаҳои тоисломии дабиристонҳо, донишгоҳҳои Искандария, Хирон, Гунди Шопур ва амсоли онҳо буд, ки дар ибтидои давраи Хилофати араб низ фаъолият доштанд [19,73], ҳисоб меёфт.
Аввалин маълумот оид ба мадрасаҳои алоҳидае, ки бевосита бо супориши ҳокимон бунёд шудаанд, ба ибтидои асри XI, ба давраи Ғазнавиён рост меояд. Вобаста ба ин академик В. Бартолд мадрасаҳоро ба ду гурўҳ – мадрасаҳои хусусӣ ва давлатӣ ҷудо менамояд [2,225].
Аз таҳқиқоти академик В. В. Бартолд оид ба маънои луғавӣ, макон ва замони пайдоиши мадрасаҳо хулосае бармеояд, ки мадраса чун мактаби олии исломӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон пайдо шуда, баъдан ба қисмати ғарбии олами ислом паҳн гардидааст. Ба фикри мо академик В. Бартолд нисбат ба таъсири ҷиддии оини буддоӣ ва маҳз зери таъсири ин оин пайдо шудани мадраса каме ба муболиға роҳ додааст ва шояд сабаби асосии он дар кам будани таҳқиқоти ҷиддии илмӣ оид ба масъалаи мазкур бошад. Чи тавре, ки дар боло қайд намудем, то паҳншавии оини буддоӣ аллакай дар ҳудуди эронзамин чунин муассисаҳои таълимӣ вуҷуд доштанд ва руҳониёни оини буддоӣ танҳо онҳоро моҳирона ба маннфиати мазҳабии хеш истифода намудаанд.
То паҳншавии дини ислом дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон муассисаҳои таълимӣ низ амал мекарданд. Мэри Бойс қайд менамояд, ки мувофиқи маълумоти сарчашмаи зардуштии асри VI «Дадестани- Меноги Храд» мактабҳои гуногун ба монанди Фраҳангистон – мактаби умумӣ, Эрбадестан – мактаби махсус барои муъбадон, дибиристон – мактаби дабирон амал менамуданд [22,166].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё