МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Чунин тарзи либоспўшӣ дар бошандагони хонақо низ мушоҳида шудааст.
Академик Муҳаммад Осимӣ пажуҳиши олимони Ҳиндустон С. Датт ва Р. К. Мукерҷиро таҳлил намуда, қайд менамояд, ки ин ду пажуҳишгар оид ба дайрҳои Ҳиндустон ҳамчун марказҳои таълимӣ маводҳои фаровон ҷамъ овардаанд. Аз ин маълумотҳо бармеояд, ки дар дайрҳо баробари диншиносӣ, илми тиб, имло, мусиқӣ, замину ситорашиносӣ низ таълим дода мешудаанд. Дар такя ба ин олимон академик М. Осимӣ ба хулосае омадааст, ки дар Осиёи Миёна низ дайрҳо бешубҳа чунин вазифаро иҷро мекарданд [23,22].
Ба паҳн шудани оини буддоӣ дар Шарқ, махсусан, дар Чин сокинони Осиёи Миёна, ба вежа суғдиён ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Ин хулосаро бостоншиноси машҳур В. А. Ранов низ дар пешгуфтори хеш ба рисолаи Ричард Фрай «Мероси Осиёи Марказӣ» таъкид намудааст [26,4].
Ричард Фрай муътақид бар он аст, ки Буддоия ҳамчун аввалин оини нуфузманд дар Осиёи Марказӣ, бо мазҳабу оинҳои мавҷудаи маҳаллӣ мухолифат накарда, баръакс ҳамчун як шохаи илми фалсафа ва ё як тарзи зиндагӣ дар баробари онҳо амал намуда, бо онҳо созиш кардааст [29,167]. Мувофиқи хулосаи ў пас аз паҳншудани буддоия дар Осиёи Миёна муассисаҳои диннии он «ступа» ва «вихара» низ паҳн гардидааст [29,170].
Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи академик В. Бартолдро ба худ кашидааст, ин омехташавии мафҳуми мадрасаю хонақо дар сарчашмаҳои хаттӣ мебошад. Ў қайд менамояд, ки дар асарҳои Мақдисӣ (охири асри X), Ҷувайнӣ (асри XIII), Фосих ва дигарон як муассиса гоҳ хонақо ва гоҳ мадраса номида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё