МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Баъд аз паҳншудани ислом дар Осиёи Миёна баробари мактабу мадрасаҳо дигар муассисаҳои динии фарҳангӣ ва ҷамъиятие низ амал мекарданд, ки дар ташвиқу тарғиби донишҳои исломӣ ва илму адабиёт нақши муассир доштанд. Ба чунин ниҳодҳо хонақо, корвонсарой, далоилхона, қорихона, работ, хон, суфа ва ғ., шомил мешуданд.
Академик В. Бартолд оид ба таърихи пайдоиш ва вазифаю ҷойгоҳи чунин муассисаҳо низ андешаҳои худро баён кардааст.
Таърихи пайдоиши мадрасаю хонақоро В.В.Бартолд бо таърихи ислом ва зоҳидии мусулмонӣ зич алоқаманд медонад. Вожаи хонақо ба андешаи В.В. Бартолд пайдоиши ориёӣ дошта, ба Эрони Шарқӣ аз Ғарб омадааст. Ин муассиса мувофиқи асноди сарчашмаҳои исломӣ бо таъсири зоҳидии насронӣ ва монӣ пайдо шудааст. Барои тақвияти фикри худ В. Бартолд ҳикояи Абдураҳмони Ҷомиро дар бораи сохтмони хонақо аз тарафи «амири торсоӣ» дар шаҳри Рамли Фаластин мисол оварда [4,430- 431], ҳамзамон қайд кардааст, ки дар ягон маъхаз вожаи «хонақо» барои ифодаи дайри насронӣ истифода нашудааст. Баръакс вожаи «хонақои монӣ» борҳо қайд гардидааст [4,431]. Хонақо шакли суғдии калимаи форсии хона мебошад ва ин ибораро баъдан дарвешҳои исломӣ низ қабул намудаанд.
Бояд қайд кард, ки академик В. Бартолд оид ба пайдо шудани хонақо ва паҳн шудани он дар Осиёи Миёна маълумоти пурра надодааст. Ба ин масъала таърихшиноси ҳинд К. М. Паниккар бештар равшанӣ меандозад. Ба ақидаи ин муҳаққиқ, то пайдоиши оини буддоӣ чунин муассисаҳо вуҷуд надоштанд [25,38]. К. М. Паниккар дар барои пайдоиши дайрҳои мардонаю занонаи буддоӣ муфассал маълумот дода, қайд намудааст, ки бошандагони аввалин дайрҳо, шахсони бехона ва ё хонаи худро тарк намуда буда, либосҳои ниҳоят оддӣ доштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё